Човушуғлу: Касе наметавонад ҷилави сафарам ба Олмонро бигирад
(last modified Tue, 07 Mar 2017 14:15:45 GMT )
Март 07, 2017 19:15 Asia/Dushanbe
  • Човушуғлу: Касе наметавонад ҷилави сафарам ба Олмонро бигирад

Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, бо вуҷуди мухолифати мақомоти маҳаллии Олмон, ба ин кишвар сафар хоҳад кард.

Ба гузориши Ройтерс, Мавлуд Човушуғлу гуфт, ҳеҷ кас наметавонд аз сафари рӯзи сешанбеаш ба Олмон ва суханронии ӯ, барои атбоъи турки муқими ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.

Мақомоти шаҳри Гамбурги Олмон, маҳалли гирдиҳамоии туркҳои муқими Олмон ва суханронии Човушуғлу барои ононро ба далели муҷаҳҳаз набудан ба системаи оташнишонӣ, бастаанд.

Гуфта мешавад, ин нишаст бахше аз талоши Анкара барои ҷалби ҳимояти ҳудуди як миллиону 500 ҳазор шаҳрванди турки муқими Олмон аз ҳамапурсии 16 апрели 2017 аст, ки ихтиёроти раисиҷумҳури Туркияро афзоиш ва низоми сиёсии ин кишварро аз парлумонӣ ба раёсатӣ тағйир хоҳад дод.

Дар сурати раъйи мусбати мардум ба ҳамапурсии тағйири Қонуни асосии Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон шонси ҳузур дар ду давраи баъдии интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва мондан бар маснади қудрат, то соли 2029-ро ба даст меоварад.

Равобити Туркия ва Олмон ба унвони кишварҳои ҳампаймони узви НАТО, ҳафтаи гузашта ва баъд аз он пуртаниш шуд, ки мақомоти олмонӣ муҷаввизи се роҳпаймоии мушобеҳи дигарро, ки қарор буд дар ҳимоят аз Эрдуғон баргузор шавад, лағв карданд.