Сноуден: Айфон ва Андроид бистари ҷосусии Амрико аст
(last modified Wed, 08 Mar 2017 06:54:16 GMT )
Март 08, 2017 11:54 Asia/Dushanbe
  • Эдвард Снодуен
    Эдвард Снодуен

Эдвард Снодуен паймонкори пешини Созмони амнияти миллии Амрико гуфт: Созмонҳои иттилоотии Амрико телефонҳои ҳамроҳ, ба вижа бо нармафзори Айфон ва Андроидро шунуд мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, сайти Викиликс рӯзи сешанбе нахустин бахш аз аснод ва файлҳои маҳрамонаи Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA)-ро мунташир кард, ки шомили 9 ҳазор санад аст ва дар онҳо барномаи CIA барои шунуди гӯшиҳои телефони ҳамроҳ аз навъи Эйпл Айфон, барномаҳои пуштибонии Андроид, Майкрософт Виндовс ва низ ҳаки телевизионҳои Самсунг бо ҳадафи дастрасӣ ба микрофони дохилӣ ба манзури ҷосусии муколимот ифшо шудааст.

Ин барномаи ҷосусӣ дар саросари манотиқи ҷаҳон иҷро шудааст.

Эдвард Сноуден дар мавриди интишори асноди ҷосусии CIA дар сайти Викиликс навишт: Ин аснод воқеӣ ба назар мерасад ва ифшои он рӯйдоди бисёр муҳим аст.

Паймонкори пешини Созмони амнияти миллии Амрико дар шабакаи иҷтимоии Тивиттер афзуд: CIA ва FBI аз сатҳи осебпазирии гӯшиҳои ҳамроҳ дар Амрико иттилоъ доранд ва аз ин масъала барои ҷосусӣ истифода мекунанд.

Сноуден, ки соли 2013 аз маҳалли кори худ дар маркази мутааллиқ ба идораи амнияти миллии Амрико дар Ҳовои ба Гонконг гурехт, ҳазорон мадраки табақабандишудаи ҷосусӣ ва амниятии ин кишварро дар ихтиёри рӯзноманигорон қарор дод.

Вай пас аз ботил шудани гузарномааш аз сӯи Амрико, ба Русия рафт ва бо дарёфти паноҳандагии муваққат дар ин кишвар зиндагӣ мекунад.