Нафасҳои охири ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14572-Нафасҳои_охири_ДИИШ
Раиси Маркази мутолеоти ғарби Осиё дар Ҳинд бо ишораи пирӯзиҳои ахири нерӯҳои ироқӣ ва сурӣ гуфт, ДИИШ дар Сурия ва ба вижа Ироқ нафасҳои охири худро мекашад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 14, 2017 09:58 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Ироқ ба зудӣ шоҳиди озодии шаҳри муҳим ва роҳбурдии Мусил хоҳанд буд
    Мардуми Ироқ ба зудӣ шоҳиди озодии шаҳри муҳим ва роҳбурдии Мусил хоҳанд буд

Раиси Маркази мутолеоти ғарби Осиё дар Ҳинд бо ишораи пирӯзиҳои ахири нерӯҳои ироқӣ ва сурӣ гуфт, ДИИШ дар Сурия ва ба вижа Ироқ нафасҳои охири худро мекашад.

Ба гузориши ИРНА, Ассуини Кумар Муҳопотро гуфт, мардуми Ироқ ба зудӣ шоҳиди озодии шаҳри муҳим ва роҳбурдии Мусил хоҳанд буд.

Устоди Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Ҳинд изҳор дошт, давлати Ироқ бо тасарруфи комили шаҳри Мусил, гоми муҳиме дар барқарории амният дар Ироқ пас аз чанд соли ноамнӣ дар ин кишвар бармедорад ва озодии Мусил ба унвони дувумин шаҳри бузурги Ироқ, нақши муҳиме дар таҳаввулоти майдонӣ ва набард бо террористҳо дорад.

Муҳопотро гуфт, ки ғарбиҳо ва амрикоиҳо то кунун ба ғайр аз ҳимояти лафзӣ иқдоми муассире барои озодии Мусил аз вуҷуди террористҳои ДИИШ анҷом надодаанд ва иқдомоташон дар ростои тақвияти ДИИШ дар Ироқ ва Сурия будааст.

Ин таҳлилгари сиёсии Ҳинд афзуд, гурӯҳҳои террористи ДИИШ, Толибон ва Алқоида намояндаи Ислом нестанд, балки барои зарба задан ба Ислом, мусалмонон ва фароҳам кардани заминаи дахолати кишварҳои хориҷӣ дар минтақа фаъолият мекунанд.

Муҳопотро изҳор дошт, бояд расонаҳо ва ба вижа уламои кишварҳои исломӣ бо ифшои моҳияти аслии гурӯҳҳои террористӣ, аз пайвастани ҷавонон ба ин афкори хатарнок ҷилавгирӣ кунанд.