Ҳукми додгоҳи Аврупо дар бораи мамнуияти ҳиҷоб дар маҳалли кор
Девони додгустарии Аврупо “ECJ” мустақар дар Люксембург рӯзи сешанбе ҳукм ба мамнуияти истифода аз ҳиҷоб барои бонувони мусулмон дод. Бар асоси раъйи ин додгоҳ, корфармоёни аврупоӣ метавонанд коркунони худро аз пушидани намодҳои машҳуди мазҳабӣ аз ҷумла ҳиҷоби исломӣ манъ кунанд. Ин аввалин ҳукми додгоҳи Аврупо дар заминаи ҷидол бар сари ҳиҷоби исломии бонувон дар маҳалли кор дар Аврупост.
Парвандаи ихроҷи ду зани муҳаҷҷаба дар Белгия ва Фаронса дар додгоҳи мазкур баррасӣ шуд ва девони додгустарии Аврупо эълом кард, хости ҳар ширкат аз кормандонаш барои доштани зоҳире бетарафона ва бидуни ҳаргуна мушаххасаи мазҳабӣ, қонунӣ аст ва додгоҳ, судури дастуроти дохилӣ тавассути ширкатҳо барои мамнуияти намодҳои сиёсӣ, фалсафӣ ё диниро муҷоз медонад .
Раъйи девони додгустарии Аврупо дар Люксембург ба мамнуияти истифода аз намодҳои мазҳабӣ бавижа ҳиҷоб, дар воқеъ бештар бо ҳадафи манъи истифода аз ҳиҷоби исломӣ тавассути бонувони мусулмони шоғил дар ширкатҳо ва муассисоти кишварҳои аврупоӣ содир шудааст.
Ин иқдом на танҳо табъизе ошкор алайҳи занони мусулмон аст, балки ихтиёри амали густардае ба корфармоёни аврупоӣ медиҳад, то ба ин баҳона, ба коркунони зани мусулмон барои бардоштани ҳиҷоб фишор биёваранд ва аз истихдоми бонувони мусулмон бо мухаяр кардани онҳо ба интихоби ҳиҷоб ё шуғл, худдорӣ кунанд. Табъиз алайҳи мусулмонон дар Аврупо дар қолабҳои хосе маҳдуд намешавад .
Балки доманаи ин табъизҳо на фақат абъоди мухталифи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ балки ҳатто иқтисодӣ ва шуғлиро низ шомил мешавад. Дар воқеъ густариши "исломҳаросӣ" дар кишварҳои ғарбӣ муҷиби эҷоди маҳдудият ва тангноҳои бештар барои ҷомеаи мусулмони ин кишвар шудааст. Комо инки дар гузорише, ки аз сӯи кумитаи мунтахаби занон ва баробариҳо дар парлумони Британия дар соли 2016 мунташир шуд, омадааст, мусулмонон дар муҳити кории Британия бавижа дар заминаи дастмузд табъизи фаровонеро таҷруба мекунанд. Дар воқеъ табъиз алайҳи мусулмонон аз ҷумла занони муҳаҷҷабаи мусулмон ба масъалае бузург барои мусулмонони сокини Аврупо табдил шудааст .
Дар айни ҳол падидаи паноҳҷуён ва ҳуҷуми ҳазорон нафарии онҳо ба Аврупо, ки аксарияти қариб ба иттифоқи ононро мусулмонон ташкил медиҳанд, ба мавҷи муҳоҷирситезӣ, бегонаситезӣ ва дар ниҳоят исломситезӣ ва мухолифат бо ҳузури мусулмонон дар Аврупо афзуда ва ҳамин масъала боиси ташдиди фишорҳо алайҳи ҳамаи мусулмонони сокини ин кишварҳо ҳатто онҳое, ки акнун насли сеюмӣ талаққӣ мешаванд, шудааст.
Таблиғоти гурӯҳҳои ростгарои ифротӣ низ дар ташдиди исломҳаросӣ ва эҷоди тангно ва фишори бештар алайҳи мусалмонон муассир будааст. Дар ҳоли ҳозир чашмандози равшане барои тағйири ин вазъият вуҷуд надорад, балки бо иқдомоте монанди раъйи ахири девони додгустарии Аврупо бояд интизори ташдиди ҳарчи бештари фишорҳо ва табъизот алайҳи занони мусулмони муҳаҷҷабаро дошт .