Боздошти саркардаи ДИИШ дар шимоли Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14996-Боздошти_саркардаи_ДИИШ_дар_шимоли_Афғонистон
Нерӯҳои амниятии Афғонистон як саркардаи гурӯҳи такфирии ДИИШ-ро дар устони Ҷузҷони ин кишвар, боздошт карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 26, 2017 14:03 Asia/Dushanbe
  • Боздошти саркардаи ДИИШ дар шимоли Афғонистон

Нерӯҳои амниятии Афғонистон як саркардаи гурӯҳи такфирии ДИИШ-ро дар устони Ҷузҷони ин кишвар, боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммадризо Ғафурӣ, сухангӯи устондори Ҷузҷон эълом кард, Ахтар Билол аз саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ, дар шаҳри Шибирғон-маркази устони Ҷузҷон ба ҳамроҳи як узви дигари ин гурӯҳ боздошт шудааст.

Ғафурӣ афзуд, ин саркардаи ДИИШ дар 28 мавриди одамрабоӣ, қатл ва дӯздии мусаллаҳона даст доштааст.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта афроди ДИИШ, се ғайринизомии рубуда шударо дар устони Ҷузҷон эъдом карданд.