Маҷаллаи амрикоии Тайм: Эрон амнтарин кишвари минтақаи Ховари Миёна аст
(last modified Thu, 30 Mar 2017 16:00:42 GMT )
Март 30, 2017 21:00 Asia/Dushanbe
  • Маҷаллаи амрикоии Тайм: Эрон амнтарин кишвари минтақаи Ховари Миёна аст

Маҷаллаи амрикоии Тайм навишт, Эрон бо ҳидоятҳои раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, амнтарин кишвари минтақаи Ховари Миёна аст.

Маҷаллаи амрикоии Тайм дар сармақолаи ҷадидтарин шумораи худ навиштааст, ҳидояти ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҷумҳурии исломии Эронро дар пурталотумтарин буҳронҳои минтақаӣ ба амнтарин кишвари минтақа табдил кардааст .

Маҷаллаи Тайм менависад: Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон масоили байналмилалӣ ва ояндаи сиёсии ҷаҳон аз ҷумла БАРҶОМ, ҷанги Яман ва натоиҷи интихоботи ахири Амрикоро ба дурустӣ пешбинӣ кард ва бо мудирияти камназири ӯ, тавтеаҳо ва иқдомоти созмони CIA зидди Эрон хунсо шудааст .

Маҷаллаи амрикоии Тайм меафзояд: Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо тарҳи мабоҳиси иқтисодӣ низ таҳсини иқтисоддонони хубраи байналмилалиро барангехтааст .

Сармақолаи маҷаллаи Тайм ба ин нуктаи муҳими ҳам ишора кардааст, ки ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ зиндагии сода ва бетакаллуф монанди ҳамаи мардуми оддӣ доранд.