Оғози моҷароҷӯии Трамп дар Ховари Миёна. Ҷанги Ҷаҳонии Сеюм ба роҳ меафтад?
(last modified 2017-04-07T11:33:38+00:00 )
Апрел 07, 2017 16:33 Asia/Dushanbe

Соате пас аз эъломи ройзании масъулони амрикоӣ барои дахолати низомӣ дар Сурия бо баҳонаи ҳамлаи кимиёӣ дар минтақаи Хон-Шайхуни Идлиб Амрико як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Ҳимси Сурияро ҳадафи мӯшакҳои худ қарор дод.

Шабакаи “ал-Маёдин” бо таъкиди шиллики даҳҳо мӯшак аз флоти ҷангии амрикоии мустақар дар баҳри Миёназамин ба сӯйи Сурия эълом кард, пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” дар Ҳимси Сурия конуни ин ҳамалот будааст. Яке аз коркунони пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” низ ба хабаргузории “Спутник” гуфт, ин пойгоҳи низомии наздик ба шаҳри Ҳимс дар Сурия дар ҳамалоти мӯшакии Амрико дар бомдоди ҷумъа ба таври комил вайрон шудааст ва ҳавопаймоҳои он осеб дидаанд.

Артиши Сурия дар баёнияе аз кушта шудани шаш нафар дар ҳамлаи мӯшакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” хабар дода, таъкид кардааст, иқдоми ғайримантиқии Амрико дар ҳамлаи мӯшакӣ ба Сурия собит кард, ки он кишвар шарики гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва “Ҷабҳат-ун-нусра” аст. Артиши Сурия дар баёнияи худ афзудааст, посухаш ба ин ҳамла шиддат бахшидан ба амалиёт барои нобудии терроризм дар Сурия хоҳад буд. Артиши Сурия ҳамчунин террористҳоро омили истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Идлиб дониста, таъкид кардааст, ҳар замон ки пешравии артиш гурӯҳҳои террористиро таҳти фишор қарор медиҳад, ин гурӯҳҳо аз силоҳи кимиёӣ истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Толси Габард, яке аз намояндагони Конгресси Амрико рӯзи ҷумъа дар баёнияе тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури кишварашро дар ҳамлаи мӯшакӣ ба пойгоҳи ҳавоии “Шаирот”-и Сурия иштибоҳ хонда гуфт, ин иқдоми иштибоҳ тасмими кӯтоҳбинона буд, ки фақат сабаби тақвияти “ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа мешавад ва боиси рӯёрӯии мустақими Амрикову Русия хоҳад шуд, ки мумкин аст, ҷанги ҳастаиро дар пай дошта бошад.

 

Барчасп