Апрел 17, 2017 14:24 Asia/Dushanbe
  • Майк Пенс- Муовини раисиҷумҳури Амрико
    Майк Пенс- Муовини раисиҷумҳури Амрико

Муовини раисиҷумҳури Амрико дар дидор аз марзи ғайринизомӣ байни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, эълом кард, даврони сабри Амрико дар баробар Пхенян ба поён расидааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Майк Пенс, ки дар нахустин марҳала аз сафари давраии худ ба чанд кишвари осиёӣ ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кардааст, субҳи имрӯз душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, барои дастёбӣ ба ҳамаи аҳдоф ва итминон аз суботи вазъияти мардуми Кореяи Ҷанубӣ, ҳамаи гузинаҳо дар мавриди Кореяи Шимолӣ, рӯйи миз аст ва Доналд Трамп- раисиҷумҳури Амрико таъкид кардааст, ки намехоҳад аз тактикҳои низомии хосс сӯҳбат кунад.

Нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ низ аз тавофуқи кишвараш бо Амрико барои истиқрори зудҳангоми сомонаи мушакии “ТАД” (THAAD) хабар дод.

Дар ҳамин ҳол нашрияи англисии Телеграф ба нақл аз вазорати дифои Амрико (Петагон) имрӯз навишт, Кореяи Шимолӣ субҳи рӯзи якшанбе мушаки ҷадидеро озмоиш кард, аммо амалиёти партоб билофосила бо шикаст мувоҷеҳ шуд.

Телеграф ба нақл аз Малколм Рифкинд-вазири умури хориҷаи собиқи Англия афзуд, мумкин аст, озмоиш ба далели қудрати нокофии системаи фаннӣ шикаст хӯрда бошад, аммо ин эҳтимол қавӣ низ вуҷуд дорад, ки Амрико аз тариқ интернет дар шикасти проекти партоби мушаки Кореяи Шимолӣ дахолат карда бошад, ҳамон тавр, ки пеш аз ин дар чандин маврид боиси таваққуф ё шикасти чунин озмоишҳое шудааст.

Вазъияти шибҳи ҷазираи Корея ба далели таҳрикоти шадиди Амрико ва вокунишҳои Кореяи Шимолӣ, дар болотарин сатҳи танишҳо қарор дорад.