Апрел 19, 2017 10:50 Asia/Dushanbe
  • Мақоми кореяӣ: Амрико ба Кореяи шимолӣ ҳамла кунад, посухи Пхенян ҳамлаи низомӣ ба сарзаминҳои Амрико ва... хоҳад буд.
    Мақоми кореяӣ: Амрико ба Кореяи шимолӣ ҳамла кунад, посухи Пхенян ҳамлаи низомӣ ба сарзаминҳои Амрико ва... хоҳад буд.

Муовини вазири умури хориҷаи Кореяи шимолӣ гуфт, кишвараш ҳаргиз таслими сиёсатҳои хасмонаи Амрико намешавад.

Шин Ҳун Чул дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Алҷазира гуфт, Кореяи шимолӣ хоҳони сулҳ аст, вале ҳаргиз сулҳро гадоӣ намекунад.

Вай афзуд, агар Амрико ба ҳар шакле ба Кореяи шимолӣ ҳамла кунад, посухи Пюнг Ёнг (Пхенян) ҳамлаи низомӣ ба сарзаминҳои Амрико ва пойгоҳҳои ин кишвар дар шибҳи ҷазираи Корея ё Ҷопон хоҳад буд.

Муовини вазири умури хориҷаи Кореяи шимолӣ дар посух ба ин пурсиш, ки мизони таъсири таҳримҳои байналмилалӣ бар шаҳрвандон ва бар тавсеаи ин кишвар чӣ қадр будааст, гуфт: “Ҳар қадар Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ бар мо фишор биоваранд, мардуми Кореяи шимолӣ бо қудрат хоҳанд истод, зеро ки Кореяи шимолӣ як кишвари сотсиалистии бузург аст ва мо тавони азиме дар тақвияти худ дорем”.

Шин Ҳун Чул дар бораи эҳтимоли сафари ҳайате аз Пюнг Ёнг (Пхенян) ба Вашингтон ва дидори Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи шимолӣ низ гуфт, шарти аслии баргузории ин дидорҳо он аст, ки Амрико ба сиёсатҳои хасмонаи худ поён диҳад. Бояд давлати Трамп нигоҳи бозе ба ҷаҳон дошта бошаду бидонад давраи водор кардани тарафи муқобил ба пазируфтани масъалае бо истифода аз таҳдиди низомӣ сипарӣ шудааст.

 

Барчасп