Видео: Марги қории барҷастаи индонезияӣ дар ҳоли тиловати Қуръон
(last modified Wed, 26 Apr 2017 13:57:38 GMT )
Апрел 26, 2017 18:57 Asia/Dushanbe

Як қории бузурги Қуръони карим дар Индонезия дар ҳоли тиловати Қуръон дар баробари дурбини пахши зиндаи телевизион, ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Ба иттилои "Ал-Олам", Шайх Ҷаъфар Абдураҳмон, қории бузурги индонезияӣ рӯзи сешанбе дар маҳфиле бо ҳузури вазири умури иҷтимоии Индонезия қироати сураи "Мулк"-ро оғоз кард.

Вай пас аз тиловати ояи дувуми сураи "Мулк", ки дар он омадааст: “Ӯст, ки марг ва зиндагиро падид овардааст, то биёзмояд кадом як аз шумо некӯтаред...”,  натавонист ояи баъдиро бихонад ва дар миёнаи тиловати ояи сеюм аз ҳуш рафт.

Ҳозирон ба суръат имдодгаронро барои наҷоти ҷони ӯ хабар карданд, аммо ӯ ҷон ба Ҷонофарин таслим карда буд.