Апрел 27, 2017 21:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди путин бар лузуми иттихози рӯйкарди мунсаҷим дар мубориза бо терроризм

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёме ба шашумин Конфронси амнияти байналмилали Маскав тасреҳ кард, ки мубориза бо терроризм дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо, ниёзманди як рӯйкарди мунсаҷим аст. Шашумин Нишасти амнияти байналмилалии Маскав, бо ширкати ҳайъатҳое аз ҳудуди 80 кишвари ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе дар Маскав, пойтахти Русия оғоз ба кор кард.

Аз нигоҳи Путин, дастури кори Конфронси Маскав шомили масоиле ҷиддӣ аст, ки ба як рӯйкарди мутаодил ва мунсаҷим эҳтиёҷ дорад. Ин масоил беш аз ҳама шомили мубориза бо терроризм ба унвони як таҳдиди бузург алайҳи амният ва суботи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар канори масоили марбут ба ҳаллу фасли сиёсӣ ва дипломатии даргириҳои мухталиф ба вижа дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо ҳастанд .

Таъкиди муҷаддади Путин бар лузуми мубориза бо терроризм, бо таваҷҷуҳ ба таҳдиди рӯзафзуни ношӣ аз ин падидаи маргбор дар нуқоти мухталифи ҷаҳон аз ҷумла кишвари Русия сурат гирифтааст. Дар воқеъ, рӯйдоди террористии ахир дар Санкт-Петербург, бори дигар ба мақомоти аршади Русия ин воқеияти талхро хотирнишон кард, ки терроризми такфирӣ на як таҳдиди зудгузар ва муваққат, балки таҳдиде пайваста ва рӯ ба афзоиш аст .

Русия муддатҳост, ки даргири мубориза бо ифротгароён ва такфириҳо дар дохили ин кишвар бавижа дар Қафқози шимолӣ аст. Ин афрод токунун иқдомоти террористии мутааддидеро дар Русия анҷом додаанд. Ифротгароёне, ки ба узвияти гурӯҳҳои террористии такфирӣ дар Сурия даромадаанд, илова бар ангезаҳои идеологӣ, дорои омӯзишҳо ва маҳоратҳои размӣ ва низомӣ шуда ва ба ҳамин далел бозгашти онҳо, на фақат ба Русия балки ба соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз метавонад мухотироти амниятии ҷиддӣ эҷод кунад .

Ҳамин масъала боис шуда, то аз нигоҳи сарони Русия бавижа Путин, таҳдидоти ношӣ аз терроризми бархеста аз ифротгароӣ, таҳдиде рӯ ба густариш, ки бояд бо он муқобилаи ҷиддӣ, мунсаҷим ва ҳамаҷонибае сурат гирад, талаққӣ шавад. Ба ҳамин далел, Путин ба унвони раисҷумҳури як кишвари авруосиёӣ, дар паёми худ ба Конфронси амниятии Маскав, дар бораи хатароти ношӣ аз ин масъала ҳушдор дода ва кишварҳоро барои муқобила бо он фаро хондааст .

Бо ин ҳол бояд мутазаккир шуд, ки мубориза бо ифротгароӣ бояд ба сурати усулӣ ва дар ростои муқобила бо илалу маншаи он сурат гирад, дар ғайри ин сурат, ҳаргуна иқдом дар ин замина сирфан ба сурати муқобила бо мазоҳири он хоҳад буд. Яке аз муҳимтарин илали тавсеаи ифротгароӣ, ҷудо аз маншаи фикрӣ ва ақидатии он, бархурди дугона бо ин падида аст .

Ба назар мерасад, аввалин гоми воқеӣ барои мубориза бо терроризм, иҷмои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон барои таҳдид талаққӣ кардани ифротгароӣ ва терроризми ношӣ аз он ва лузуми иқдоми ҷамъӣ барои муқобила бо он аст. Бо ин ҳол то замоне, ки бархе кишварҳо, манофеи худро дар гарави бақо ва густариши ифротгароӣ ва терроризми такфирӣ мебинанд, густариши терроризм дар нуқоти мухталифи ҷаҳон амре иҷтинобнопазир хоҳад буд .

 

Барчасп