Август 07, 2016 19:34 Asia/Dushanbe
  • Пуштибонии ҳавоӣ аз террористҳо дар Ҳалаби Сурия

Манобеи хабарӣ аз пуштибонии ҳавопаймоҳои ҷосусӣ аз террористҳо дар Ҳалаби Сурия хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи телевизионии "Алолам", гурӯҳҳои террористии ҳозир дар даргириҳои ҷануби Ҳалаб бо нерӯҳои артиши Сурия, бо кӯмаки афсарони бегона, ки дар утоқи амалиёти муштараки онон ҳузур доранд, дар минтақаи амалиётӣ аз ҳимоят ва пуштибонии ҳавопаймоҳои ҷосусӣ бархурдоранд.

Дар ҳамин ҳол, артиши Сурия рӯзи якшанбе дар даргирӣ бо террористҳо дар ҷануби Ҳалаб муваффақ шуд иртибот миёни террористҳои мустақар дар Донишкадаи тӯпхонаи Ҳалабро бо террористҳои хориҷ аз ин донишкада қатъ кунад.

Даргирӣ байни нерӯҳои артиши Сурия ва террористҳо дар Ҳалаб ҳамчунон идома дорад ва дар амалиёти рӯзи якшанбе даҳҳо террорист ба ҳалокат расиданд.

Барчасп