Май 01, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамаи маҳдудиятҳои занон дар кишвари узви Комиссияи ҳуқуқи занони Созмони милал

Узвияти Арабистони Саудӣ дар Комиссияи ҳуқуқи занони Созмони милали муттаҳид, ки бо ҳимояти кишварҳои ғарбӣ сурат гирифт, шигифтии бисёреро барангехтааст.

Ба иттилои Исно, Хилел Нор, раиси як ниҳоди ҳуқуқи башарӣ ба номи Дидабони Созмони милали муттаҳид дар вокуниш ба ҷойгоҳи ҷадиди Арабистон дар Созмони милали муттаҳид мегӯяд, интихоби Арабистон барои ҳифозат аз ҳуқуқи занон мисли супурдани барра ба галаи гургҳост .

Чарлз Мишел, нахуствазири Белгия низ аз раъйи намояндаи ин кишвар ба суди Арабистон ибрози таассуф ва пушаймонӣ кард .

Кишварҳое чун Амрико, Англия ва Олмон дар ҳоле Арабистонро ба узвияти Комиссияи мақоми зани Созмони милали муттаҳид барои солҳои 2018 то 2022 даровардаанд, ки занон дар ин кишвар аз содатарин ва бадеҳитарин ҳуқуқи хеш низ маҳрум ҳастанд .

Дар Арабистон занон иҷоза надоранд, ронандагӣ кунанд ва дар бисёре аз шаҳрҳои ин кишвар занон ҳатто агар наздиктарин аъзои хонаводаи худро аз даст бидиҳанд, иҷозаи ширкат дар маросими ташйии ҷинозаро надоранд .

Рафтан ба марокизи пизишкӣ бидуни ҳузури як мард аз маҳорим, боз кардани ҳисоби бонкӣ бидуни ҳузури васии мард ва ворид шудан ба фурӯшгоҳҳои созу таҷҳизоти мусиқӣ низ барои занони арабистонӣ ғайримумкин аст .

Занони арабистонӣ дар соли 2015 нахустин бор ҳаққи раъй додан ва номзад шудан дар интихоботи шӯроҳои Саудиро ба даст оварданд, аммо ҳамчунон наметавонанд барои интихоботе болотар аз интихоботи шӯроҳо раъй бидиҳанд ё номзад шаванд .

Арабистони Саудӣ соли 2016 дар байни 144 кишвар дар дунё, ки аз назари шохиси ҷаҳонии шикофи ҷинсиятӣ рутбабандӣ шуда буданд, дар радаи 141 қарор гирифт .

 

Барчасп