Таъкиди маҷлиси аъёни Британия бар лузуми бозбинии сиёсати ин кишвар дар Ховари Миёна
(last modified Tue, 02 May 2017 09:53:03 GMT )
Май 02, 2017 14:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди маҷлиси аъёни Британия бар лузуми бозбинии сиёсати ин кишвар дар Ховари Миёна

Маҷлиси аъёни Британия ба давлати ин кишвар тавсия кард, аз тавофуқи ҳастаии Эрон ҳимоят ва шиносоии Фаластинро ба унвони як кишвари мустақил, бо ҷиддият пайгирӣ кунад.

Ба навиштаи рӯзномаи The Daily Telegraph, чопи Лондон, Кумитаи равобити байналмилалии маҷлиси аъёни Британия эълом кард, Лондон бояд сиёсати худро дар Ховари Миёна бозбинӣ кунад ва ба пайравӣ аз сиёсатҳои Вашингтон поён диҳад .

Кумитаи равобити байналмилалии Маҷлиси аъёни Британия тасреҳ кард, раисҷумҳури Амрико бо мавозеи ғайрисозандаи худ, минтақаи Ховари Миёнаро ба самту сӯи бесуботӣ ҳидоят мекунад ва давлати Британия бояд аз рӯйкарди Кохи Сафед фосила бигирад .

Аъзои Маҷлиси аъёни Британия дар гузориши муфассали худ дар бораи Ховари Миёна, ки ба раҳбарии Лорд Хауэлл, вазири умури хориҷаи пешини ин кишвар танзим шудааст, бо интиқод аз вокуниши Лондон ба буҳрони Сурия эълом карданд, ин масъала исбот шудааст, ки барканории Башшор Асад ба унвони пешшарте барои ҳаргуна мусолиҳа дар Сурия бо абзорҳо ва сиёсатҳои кунунӣ, ҳадафе ғайри қобили дастёбӣ аст .

Аъзои Маҷлиси аъёни Британия ҳамчунин аз давлати ин кишвар хостанд, рӯйкарди сахтгиронатареро дар қиболи Арабистони Саудӣ ба сабаби иқдомоташ дар Яман, аз ҷумла таълиқи содироти силоҳҳо ба унвони охирин роҳи чора иттихоз кунад .

 

Барчасп