Инҳилоли Парлумони Британия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16672
Парлумони Британия ба дунболи эъломи Тереса Мей, нахуствазири ин кишвар дар бораи баргузории интихоботи зудҳангом дар 8 июн ба таври расмӣ мунҳал шуд. Намояндагони Парлумони Британия ҳафтаи гузашта, маҳалли парлумонро тарк карданд, аммо эъломи инҳилоли расмии парлумон чаҳоршанбе шаб эълом шуд. Нахуствазири Британия, пештар яке аз аҳдофи баргузории интихоботи зудҳангомро, тасреи раванди музокироти хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (Брегзит) унвон карда буд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 04, 2017 14:35 Asia/Dushanbe
  • Инҳилоли Парлумони Британия

Парлумони Британия ба дунболи эъломи Тереса Мей, нахуствазири ин кишвар дар бораи баргузории интихоботи зудҳангом дар 8 июн ба таври расмӣ мунҳал шуд. Намояндагони Парлумони Британия ҳафтаи гузашта, маҳалли парлумонро тарк карданд, аммо эъломи инҳилоли расмии парлумон чаҳоршанбе шаб эълом шуд. Нахуствазири Британия, пештар яке аз аҳдофи баргузории интихоботи зудҳангомро, тасреи раванди музокироти хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (Брегзит) унвон карда буд.

Бо инҳилоли парлумон, рақобатҳои интихоботӣ дар Британия ташдид шудааст ва дар айни ҳол мавзеъгириҳо, чи дар дохили Британия ва чи дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо дар бораи Брегзит фузунӣ пайдо мекунад. Комо инки Тереса Мей, Иттиҳоди Аврупоро ба талош барои бенатиҷа мондани музокироти Брегзит муттаҳам кардааст .

Вай чаҳоршанбе шаб дар изҳороте тунд, эълом кард, ки Иттиҳоди Аврупо хоҳони таъсиргузорӣ бар интихоботи парлумонии 8 июни Британия аст .

Аз дидгоҳи Тереса Мей, бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тамоюле надоранд, ки музокироти Брегзит бо муваффақият ҳамроҳ гардад ва ба натиҷа бирасад. Нахуствазири Британия тасреҳ кард, Иттиҳоди Аврупо мавозеи сахте алайҳи Британия иттихоз карда ва дар айни ҳол, бархе сиёсатмадорон ва мақомҳои аврупоӣ, Лондонро таҳдид кардаанд, ки ҳамаи ин иқдомот, бо ҳадафи таъсиргузорӣ бар интихоботи парлумонии ин кишвар сурат гирифтааст .

Бадин тартиб акнун мушаххас шуда, ки илова бар ихтилофоти қаблии байни Иттиҳоди Аврупо ва Британия дар бораи наҳваи иҷрои Брегзит, ихтилофи дигаре, яъне талоши ин ниҳоди аврупоӣ барои таъсиргузорӣ бар интихоботи зудҳангоми Британия матраҳ шудааст .

Муҳофизакорон бар ин гумон ҳастанд, ки Иттиҳоди Аврупо қасд дорад, то ба наҳве дар раванди ин интихобот ба зарари Ҳизби муҳофизакор эъмоли нуфуз кунад. Ин масъала бавижа бо таваҷҷуҳ ба мавзеи ҳизби мухолифи аслӣ яъне Ҳизби коргар дар бораи Брегзит маъно пайдо мекунад .

Дар ин росто тибқи охирин назарсанҷиҳо, Ҳизби муҳофизакори Британия муваффақ ба касби 46 дарсади оро дар интихоботи зудҳангоми ин кишвар хоҳад шуд, ки ин рақам нисбат ба назарсанҷиҳои қаблӣ ду дарсад бештар шудааст. Ҳизби коргар тибқи ин назарсанҷӣ дар интихоботи зудҳангом муваффақ ба касби 25 дарсади оро мешавад. Ба рағми ин натоиҷ, то замони баргузории интихоботи зудҳангом, ҳануз замони қобили таваҷҷуҳе яънӣ беш аз як моҳ боқӣ мондааст ва лизо Ҳизби коргар умедвор аст, махсусан бо ташдиди мавозеи манфӣ ва сахтгириҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Британия дар заминаи Брегзит ва низ таблиғоти манфӣ алайҳи он дар сатҳи Британия, эҳтимоли пирӯзии худро афзоиш диҳад. Албатта Ҳизби коргар дар ин замина бо мусоидати бархе дигар аҳзоб, монанди Ҳизби миллии Шотландия ва Ҳизби Шин Фейн дар Ирландияи шимолӣ мувоҷеҳ аст. Аксарияти мардуми Шотландия ва Ирландияи шимолӣ алайҳи хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупо раъй доданд ва лизо дар интихоботи пешорӯ метавонанд нақши таъсиргузоре ифо кунанд. Бо ин ҳол, Ҳизби муҳофизакор барои пирӯзӣ дар интихоботи зудҳангоми парлумонӣ бар ҳимояти ҳамаҷонибаи мардуми Англия ва Велс, ки дар ҳамапурсии Брегзит ба нафъи хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо раъй доданд ва низ он даста аз мардуми Шотландия ва Ирландияи шимолӣ, ки ба нафъи Брегзит раъй доданд, умедвор аст .