5 ҳазор чинӣ дар суфуфи ДИИШ меҷанганд
Сафири Сурия дар Чин эълом кард, ки наздик ба панҷ ҳазор нафар аз ҷудоиталабони чинӣ дар Сурия ва дар суфуфи террористҳои ДИИШ алайҳи давлати Димишқ меҷанганд.
Сафири Сурия дар Чин эълом кард, ки наздик ба панҷ ҳазор нафар аз ҷудоиталабони чинӣ дар Сурия ва дар суфуфи террористҳои ДИИШ алайҳи давлати Димишқ меҷанганд .
Ба иттилои Ирно, Имод Мустафо гуфт: Ин террористҳо, ки аз ақаллияти қавми уйғури Чин ҳастанд, зери парчами худ мубориза мекунанд, ки навъе аз ифротгароии хатарнок барои минтақа ва Чин маҳсуб мешавад .
Вай таъкид кард: Бароварди мо ин аст, ки ҳудуди панҷ ҳазор нафар аз ин ақаллияти чинӣ дар Сурия мубориза мекунанд ва ин боис мешавад, то давлати Пекин ба шиддат аз ин бобат ибрози нигаронӣ кунад ва албатта бояд ҳам нигарон бошад .
Гузориш ҳокист, ки бештари ин афрод ба туруқи ғайриқонунӣ ва аз тариқи кишварҳои Осиёи ҷануби шарқӣ ва ё Туркия роҳии Сурияву Ироқ мешаванд .
Чин бар ин бовар аст, ки афзуда шудан бар шумори ин афрод, ки дар канори дигар террористҳо меҷанганд, метавонад як таҳдиди бузурги амниятӣ барои ин кишвар бошад .