Талоши вазири дифои Амрико барои афзоиши мушорикати аврупоиҳо дар эътилофи зидди ДИИШ
(last modified 2017-05-09T09:37:09+00:00 )
Май 09, 2017 14:37 Asia/Dushanbe
  • Талоши вазири дифои Амрико барои афзоиши мушорикати аврупоиҳо дар эътилофи зидди ДИИШ

Ҷеймс Мэттис, вазири дифои Амрико рӯзи душанбе ба манзури ширкат дар нишасти байналмилалии эътилофи зидди ДИИШ вориди Копенгаген, пойтахти Дания шуд.

Мэттис ба ҳамроҳи вазири дифои Дания мизбонии муштараки мақомоти баландпоя аз 15 кишвари узви ин эътилофро ба ӯҳда дошт. Вай ҳамчунин нишасте дуҷонибаро бо вазири дифои Дания баргузор ва дар бораи амнияти Аврупову НАТО гуфтугӯ кард.

Пас аз баргузории нишасти эътилофи зидди ДИИШ, вазири дифои Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Вашингтон қасд дорад то ҷузъиёти тавофуқи ахири Остона дар бораи эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурияро ба диққат баррасӣ кунад. Дар айни ҳол сухангӯи Вазорати хориҷаи Олмон ҳам эълом кард, ки давлати ин кишвар пешниҳоди Амрико барои эъзоми низомиёни НАТО ва ҳамкории онҳо бо эътилофи зидди ДИИШ дар Ироқу Сурияро баррасӣ мекунад. Ин мавзӯъ мавриди таъйид Олмон набуд, аммо акнун бо тағйироти бавуҷудомада дар давлати Амрико ва шароит дар Сурияву Ироқ ин пешниҳод ба баҳс гузошта шудааст.

Ба назар мерасад, яке аз аҳдофи аслии сафари вазири дифои Амрико ба Дания, ки дар нишасти эътилофи зидди ДИИШ низ матраҳ шуд, ташвиқи кишварҳои аврупоии узви НАТО барои мушорикати ҳар чӣ бештар дар амалиёти ин эътилоф будааст.

Ин масъала ба вижа аз он ҷо ҳоизи аҳамият аст, ки пас аз рӯйи кор омадани Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва мавзеъгириҳои вай дар қиболи НАТО , ба вижа интиқод аз адами мушорикати муассири аъзои аврупоии ин паймон дар ҳазинаҳову иқдомоти ин созмон, ихтилофот байни Аврупову Амрико боло гирифтаву бархе мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва низ сарони аврупоӣ интиқодоти тунде алайҳи рӯйкарди Трамп рӯйи даст гирифтаанд.

Бо ин ҳол, пас аз бархе иқдомоти якҷонибаи Трамп, монанди ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии Шаъирот дар Сурия, мақомоти амрикоӣ акнун дар садад ҳастанд то дар моҷароҷӯиҳои низомии худ дар Сурияву Ироқ, аврупоиҳоро низ даргир кунанд. Дархости Вашингтон аз аъзои аврупоии НАТО барои эъзоми низомиёни бештар ба Ироқу Сурия барои мубориза бо ДИИШ дар ин росто сурат гирифтааст. Тасмими ниҳоӣ дар ин бора дар 25 –уми май дар ҷараёни нишасти сарони НАТО дар Брюссел гирифта хоҳад шуд.

Бо тн ҳол, агар посухи аврупоиҳо ба ин хостаи Вашингтон мусбат бошад, ин масъала ба манзалаи мудохилаи низомии ҳар чӣ бештари онҳо дар кишварҳои даргир бо ДИИШ, яъне Ироқу Сурия хоҳад буд.

Бо тн ҳол, чунин амре на фақат бо мухолифатҳои аҳзоби оппозитсиюн дар бархе аз кишварҳои аврупоии узви НАТО монанди Британия мувоҷеҳ аст, балки паёмадҳои чунин иқдоме низ, ки ба маънои ҳамроҳии Аврупо бо иқдомоти оташафрӯзонаи Амрико аст, ба мушкиле барои давлатҳои аврупоӣ табдил хоҳад шуд, ки афзоиши мухолифатҳои мардумӣ бо ин масъала аз ҷумлаи онҳо хоҳад буд.

Дар ин ҳол, бо вуҷуди иддаои Амрико дар раҳбарии мубориза бо ДИИШ, асосан садоқати он дар ин замина комилан боиси тардид аст. ДИИШ то кунун чандин бор бо чароғи сабзи Амрико ҳамалоте алайҳи артиши Сурияву муттаҳидони он, аз ҷумла дар ҷараёни ишғоли муҷаддади шаҳри Тадмур ва ҳамла ба мавозеи артиши Сурия дар Дайр-уз-зӯр кардааст. Ин ҳамалот нишон дод, ки иқдомоти ДИИШ комилан бо ҳамоҳангии Амрико анҷом мешавад ва Вашингтон амалан ӯҳдадори ҳимояту мудирияти ДИИШ аст.

Ба сабаби ин ки қабл аз ҳамалоти ахири ДИИШ ба нерӯҳои артиши Сурия дар Дайр-уз-зӯр, ҳавопаймоҳои амрикоӣ барқасдона мавозеи артиши Сурияро мавриди ҳамла қарор доданд, масъалаи ҳимояти Амрико аз ДИИШ борҳо аз сӯйи кишварҳои мухталиф, ба вижа Русия, ки акнун дар саҳнаи Сурия ҳузури фаъол дорад, мавриди таъкид қарор гирифтааст. Дар воқеъ амрикоиҳо худ нақши муҳиме дар шаклгирӣ ва густариши ДИИШ ифо кардаанд ва ҳатто бо ташкили эътилофи байналмилалии ба истилоҳ зидди ДИИШ беш аз ин ки дар садади нобудии он бароянд, бештар дар садади маҳдуд кардани ДИИШ ва ҳифзи он барои истифода аз ин гурӯҳи террористӣ дар ростои аҳдофи минтақаии худ ҳастанд.

 

Барчасп