Ибрози таассуфи Дидабони ҳуқуқи башар аз иқдоми ЮНЕСКО
Созмони Дидабони ҳуқуқи башар, аз иқдоми Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (ЮНЕСКО) барои баргузории Ҳамоиши байналмилалии созмонҳои ғайридавлатӣ дар Арабистон ибрози таассуф кард.
Ба иттилои хабаргузории Форс, Созмони Дидабони ҳуқуқи башар рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе бо ибрози таассуф аз иқдоми ЮНЕСКО дар баргузории Ҳамоиши байналмилалии созмонҳои ғайридавлатӣ дар Риёз эълом кард: Корномаи давлати Арабистон дар бораи фаъолони ҳуқуқи башар такондиҳанда аст ва ин давлат ҳамчунон фаъолони ҳуқуқи башариро озору шиканҷа мекунад .
Созмони Дидабони ҳуқуқи башар тасреҳ кардааст: Баргузории нишасти созмонҳои ғайридавлатӣ дар Арабистон, силии маҳкаме ба сурати афродест, ки сирфан ба иттиҳоми таъсиси созмонҳои мустақил дар ин кишвар зиндонӣ ҳастанд .
ЮНЕСКО ҳафтаи гузашта, ҳафтумин Маҷмаи байналмилалии созмонҳои ғайридавлатиро бо меҳварияти "Ҷавонон ва таъсиргузории иҷтимоии онҳо" дар Риёз, пойтахти Арабистон баргузор кард .
Арабистон аз маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки ҳуқуқи занон дар ин кишвар ошкоро мавриди иҳонат қарор мегирад, бо ин ҳол, ахиран Созмони милали муттаҳид дар иқдоме аҷиб ин кишварро ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи занон даровардааст .