Май 11, 2017 15:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби исломии Афғонистон силоҳи худро замин намегузорад

Сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон эълом кард, аъзои ин ҳизб силоҳи худро замин намегузоранд.

Қарибурраҳмон Саид, сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон гуфт, афроди ин ҳизб силоҳи худро замин нахоҳанд гузошт, албатта бо давлат ҳам даргир намешванд.  

Вай афзуд, ҳеҷ тазмине барои амнияти ҷонии нерӯҳои ин ҳизб вуҷуд надорад, пас ин неруҳо барои муҳофизат аз ҷони худ, мусаллаҳ боқӣ мемонанд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳизби исломӣ дар тавофуқномаи сулҳ бо ҳукумати Афғонистон тааҳҳуд кардааст, ки ташаккули низомиашро мунҳал хоҳад кард.

 

Барчасп