Вуқӯи ҳамлаи террористии дигаре дар Бритониё
(last modified Tue, 23 May 2017 09:43:30 GMT )
Май 23, 2017 14:43 Asia/Dushanbe
  • Вуқӯи ҳамлаи террористии дигаре дар Бритониё

Полиси Бритониё эълом кард, ки душанбешаб бар асари инфиҷор дар салони “Манчестер Арена”, ки дар он конснрти Ориёно Гранд, хонандаи амрикоӣ иҷро мешуд, дастикам 19 нафар кушта ва ҳудуди 50 нафар захмӣ шуданд.

Воҳиди зиддитеррористии шимоли ғарби Бритониё иллати ин инфиҷорро ношинохта эълом кард ва аз эҳтимоли террористӣ будани ин ҳодиса хабар дод.

Аммо Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё бомдоди сешанбе иқдоми омилони инфиҷор дар ҷараёни баргузории консерт дар “Манчестер Арена”-ро маҳкум кард ва онро ҳамлаи террористии ҳавлнок хонд.

Бо таваҷҷуҳ ба шавоҳид ба назар мерасад, ки бори дигар Бритониё ҳадафи ҳамлаи террористии дигаре, ки ба эҳтимоли қавӣ интиҳорӣ будааст, қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ташдиди тадобири амниятӣ дар ин кишвар, ба вижа пас аз ҳамлаи террористии марти соли 2017 дар Лондон, бори дигар шоҳиди иқдоми террористии дигаре ҳастем, ки бо таваҷҷуҳ ба абъод ва талафоти инсонии он мусалламан шоки бузургеро ба мардум Бритониё, он ҳам дар остонаи баргузории интихоботи зудҳангоми парлумонӣ дар 8-уми июн ворид кардааст.

 Ҳодисаи террористии “Манчестер Арена”-ро  бояд аз абъоди мухталифе нигарист. Нахуст ин ки Бритониё акнун дар остонаи оғози музокироти марбут ба хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтааст ва мусалламан яке аз табаоти ин хуруҷ таъсироти манфии он бар вазъияти амниятии Бритониё хоҳад буд. Акнун мушаххас шуда, ки хуруҷи Бритониё уз Иттиҳоди Аврупо метавонад паёмадҳои ҷиддӣ барои амнияти ин кишвар низ ба ҳамроҳ дошта бошад. Дар воқеъ “Брекзит” ба таври иҷтинобнопазире муҷиби коҳиши ҳамкориҳои иттилоотӣ ва амниятӣ байни ниҳодҳои амниятии ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо шуда ва ин масъала таъсири худро бар зариби амниятии Бритониё хоҳад гузошт.

Адами дастрасӣ ба пойгоҳи додаҳои Иттиҳоди Аврупо монанди "Системи Иттилооти Шенген" ва "Европол" (Полиси Аврупо) метавонад муҷиби тазъифи амнияти умумӣ шавад ва дар тавоноии давлати Бритониё дар ҳифзи амнияти миллӣ халал ба вуҷуд оварад.

 

Дар воқеъ аз ҳамакнун табаоти ин масъала ошкор шудааст. Мусалламан барои мардуми Бритониё, ки тасаввур мекарданд “Брекзит” барои онҳо афзоиши рифоҳ ва амниятро ба армуғон хоҳад овард, афзоиши ҳамалоти террористие, ки бахше аз он ношӣ аз коҳиши иттилооти марбут ба омилон ва тарҳҳои террористӣ аст, хабари хубе нахоҳад буд.

Аз сӯйи дигар, ҳодисаи террористии “Манчестер Арена” бори дигар заъфи дастгоҳҳои амниятии Бритониё, чӣ полис ва чӣ созмонҳои иттилоотӣ барои радгирии мазнунони террористӣ ва кашфу хунсо кардани иқдомоти онҳоро нишон дод.

Аммо ҷанбаи дигари ҳодисаи террористии “Манчестер Арена”-ро бояд дар бозгашти иҷтинобнопазири паёмадҳои сиёсати дугонаи Ғарб, аз ҷумла Бритониё дар қиболи падидаи терроризм ба худи онҳо донист.

Дар воқеъ ғарбиҳо, аз ҷумла бритониёиҳо дар чанд соли гузашта бо ҳимояти ҳамаҷониба аз гурӯҳҳои террористии такфирӣ дар Сурия, аз ҷумла ДИИШ, худ заминаи тақвият ва густариши фаъолиятҳои онҳоро фароҳам карданд. Акнун бо бозгашти афроди вобаста ба ДИИШ дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Бритониё, ки бештар аз атбои ҳамон кишварҳо ҳастанд, онҳо талош ба ҳамалоти террористӣ бештар ба сурати интиҳорӣ мекунанд. Ин падида, яъне ҳамалоти террористии инфиродӣ дар қолаби падидаи мавсум ба "гургҳои танҳо" акунун дар Аврупо, аз ҷумла Бритониё дар ҳоли густариш аст.

 Ин авомили террористӣ худ дар бораи замон ва наҳваи ҳамалоти террористӣ тасмимгирӣ мекунанд ва пас аз анҷом шудани он ДИИШ масъулияти ҳамларо бар ӯҳда мегирад. Бад-ин тартиб бо афзоиши бозгашти атбои аврупоие, ки ба ДИИШ дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд, акнун на фақат мақомоти амниятии бритониёӣ, балки дигар мақомоти аврупоӣ низ аз ҷиддитар шудани таҳдидоти диишиҳо сухан мегӯянд ва ин ба маънои коҳиши сатҳи амният дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Бритониё аст.

 Аммо ҳамлаи террористии “Манчестер Арена” аз манзари дигар, яъне таъсири он бар равандҳои сиёсӣ дар Бритониё, ба вижа интихоботи зудҳангоми парлумонӣ низ қобили таваҷҷуҳ аст. Тереза Мэй бо тасаввури афзоиши ҳимоят аз Ҳизби муҳофизакор, иқдом ба баргузории интихоботи зудҳангом кардааст.

Бо ин ҳол тибқи назарсанҷиҳо, шоҳиди коҳиши фосила байни Ҳизби муҳофизакор ва рақиби он, яъне Ҳизби коргар пас аз интишори барномаи сиёсии онҳо будаем. Дар айни ҳол вуқӯи ҳамлаи террористии “Манчестер Арена” на фақат боиси афзоиши норизоятӣ аз амалкарди амнияти давлати муҳофизакор дар байни мардуми Бритониё хоҳад шуд, балки ба таври иҷтинобнопазире бар маҳбубияти Ҳизби муҳофизакор таъсири манфӣ хоҳад ниҳод. Паёмади он афзоиши умедвории Ҳизби коргар барои афзоиши орои ин ҳизб дар интихоботи пешорӯ ва тазъифи мавқеияти Тереза Мэй, нахуствазири муҳофизакори Бритониё хоҳад буд.