Маросими солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Ню-Йорк, Маскав ва Ереван
(last modified 2017-06-04T09:49:17+00:00 )
Июн 04, 2017 14:49 Asia/Dushanbe
  • Маросими солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Ню-Йорк, Маскав ва Ереван

Маросими 28-умин солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ.) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Маскав ва Ереван бо ҳузури алоқамандон ба Инқилоби Исломии Эрон баргузор шуд.

Дар Ню-Йорк маросими 28-умин солгарди иртиҳоил Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар маҳалли намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал ва бо ҳузури рӯҳониён, эрониёни муқим, хонаводаи дипломатҳои эронӣ дар Созмони Милал ва ҷамъе аз алоқамандони бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аз кишварҳои Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо баргузор шуд.

Ҳамчунин маросиме ба муносибати солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Маскав- пойтахти Русия баргузор шуд, ки дар ин маросим эрониёни муқими Маскав ва ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои исломии алоқаманд ба Инқилоби исломӣ ҳузур доштанд. Маросими сӯгворӣ низ ба муносибати солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ) рӯзи шанбе дар Ереван- пойтахти Арманистон бо ширкати алоқамандон ба Инқилоби Исломии Эрон аз кишварҳои Покистон, Ҳинд, ҷумҳурии Озарбойҷон ва эрониёни муқими Арманистон баргузор шуд.

 

Барчасп