Июн 06, 2017 19:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар нақши муҳими Эрону Чин дар эҳёи Роҳи Абрешим

Сафири Чин дар Теҳрон Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики муҳими Чин дар барномаи эҳёи Роҳи Абрешим унвон кард.

Панг Сен рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Эрон кишвари мутамаддин аст, ки дар масири Роҳи Абрешим қарор дорад ва ду кишвар метавонанд нақши муҳиме дар барномаи «Як камарбанд, як ҷода» ё ҳамон Роҳи Абрешими навин ифо кунанд. Сафири Чин дар Теҳрон ҳамчунин ҳаҷми мубодилоти тиҷории Теҳрону Пекинро дар соли 2016 31 миллиарду 230 миллион доллар эълом карда афзуд, соли гузашта содироти Чин ба Эрон 16 миллиарду 420 миллион доллар ва воридоти Чин аз Эрон 14 миллиарду 820 миллион доллар будааст.  Панг Сен бо таъкид бар ин ки ҳамкории Чину Эрон гуфт, илова бар табодулоти иқтисодӣ ду кишвар мусаммам ба афзоиши мубодилоти илмӣ, омӯзишӣ, гардишгарӣ ва пажуҳишӣ низ ҳастанд.

Сафири Чин дар Эрон дар бораи қатъи равобити дипломатии Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср бо Қатар низ пешниҳод кард, кишварҳои минтақа аз тариқи гуфтугӯ масоили худро ҳал кунанд.

 

Барчасп