Июл 16, 2016 17:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори куштаҳои табаддулот дар Туркия

Шумори куштаҳои кудатои нофарҷом дар Туркия ба беш аз 160 нафар расида ва беш аз ҳазору 400 нафар низ захмӣ шудаанд.

Манобеи огоҳи Туркия, дар охирин гузоришҳо аз кушта шудани дасткам 161 нафар дар кудатои нокоми шаби гузашта дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ҳаводиси дишаб ва имрӯзи Туркия ва дар даргирии кудаточиён ва тарафдорони давлати Эрдуғон, ҳазору 440 нафар захмӣ шудаанд.

Ҷонишини раиси Ситоди артиши Туркия низ шумори кудатогари кушта шуда дар ин ҳодисаро 104 нафар эълом кард.

Давлати Туркия ҳамчунин дар пайи кудатои нофарҷом дар ин кишвар ду ҳазору 745 қозиро аз мақомшояшон барканор кард.

Раиси Додгоҳи олии Туркия эълом кард, омилони кудатои нофарҷом дар ин кишвар дар сареътарин замони мумкин муҳокима мешаванд.

Нерӯҳои амниятии Туркия ҳамчунин чанд нафар аз аъзои раёсати Девони адолати идории ин кишварро ба иттиҳоми иртибот бо ҷамоати Фатҳулло Гулен боздошт карданд.

Умед Дундар бо баёни ин ки бештари низомиёни ҳомии кудато аз нерӯҳои ҳавоӣ, пулис ва дигари авомили нерӯҳои мусаллаҳ буданд, афзуд, ин кудато аз ҳамон лаҳазоти аввалия аз сӯи фармондеҳии аршади артиш маҳкӯм шуд.

Биналӣ Йилдирим- нахусти вазири Туркия низ дар мусоҳибае гуфтааст, Фатҳулло Гулен раиси як гурӯҳи террористӣ аст.

Йилдирим афзуд, мо аз Амрико хостем то Гуленро ба мо таҳвил диҳад.

 

Барчасп