Таҳримҳои Амрико омили афзоиши таниш байни Русия ва Амрико
Бо ташдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Русия, мизони танишҳо байни ду кишвар афзоиш ёфт.
Ба гузориши рӯзномаи Вашингтон Пост, Ҳол Арон, яке аз мақомҳои пешини Вазорати хазонадории Амрико дар бораи ташдиди таҳримҳои Русия гуфт, иқдоми Сенат нишон медиҳад, ки ниёзе ба маҳдуд кардани ихтиёроти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои тасмимгирӣ дар бораи таҳримҳои Русия нест .
Ҷумҳурихоҳон ва демократҳои Сенати Амрико, ҳафтаи гузашта ташдиди таҳримҳои Русия ва иттихози тадобире барои мамониат кардан аз иқдоми эҳтимолии Трамп барои коҳиш додани мизони таҳримҳои Русия бидуни тайиди Конгрессро хостор шуданд .
Давлати Амрико рӯзи сешанбе бо қарор додани номи беш аз 30 фарду созмоне, ки дар буҳрони Украина нақш доштаанд, дар феҳристи таҳримҳояш, бар мизони танишҳои Маскав-Вашингтон афзуд .
Ташдиди таҳримҳои Русия аз сӯи Амрико дар ҳоле анҷом шуд, ки дар бораи мавзуи таъсири иртиботи наздикони Трамп бо Русия бар пирӯзии вай дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико, пурсишҳои ҷиддӣ матраҳ шудааст .