Русия аз Амрико ва Афғонистон дар мавриди ҳимоят аз ДИИШ тавзеҳ хост
(last modified Fri, 23 Jun 2017 11:54:50 GMT )
Июн 23, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • Русия аз Амрико ва Афғонистон дар мавриди ҳимоят аз ДИИШ тавзеҳ хост

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, мақомоти афғон ва фармондеҳони амрикоӣ бояд дар мавриди ҳимояти тадорукотӣ ва интиқоли ҷангҷӯёни ДИИШ тавассути чархболҳо дар шарқи Афғонистон ба Маскав тавзеҳ диҳанд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия дар нишасти хабарӣ эълом кард, Маскав ба иттилооте даст ёфта, ки нишон медиҳад, ДИИШ дар шарқи Афғонистон тавассути чархболҳои ношинос мунтақил мешавад ва мавриди ҳимояти тадорукотӣ қарор дорад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, Амрико ва Афғонистон бояд дар бораи гузоришҳои кумакрасонии чархболҳои ношинос ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар тавзеҳ ироа диҳанд. Ӯ муддаӣ шуд, ки 50 нафар аз ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ тавассути чархболҳои ношинос барои тасарруфи минтақаи стратегии Тура-Бураи вилояти Нангарҳор ба ин минтақа мунтақил шудаанд ва як контейнери таслиҳот низ дар ихтиёри онҳо қарор дода шудааст. Мария Захарова таъкид кард, сукут дар ин маврид суолбрангез буда ва ин нишонаи хубе нест, ки мақомоти афғону НАТО ва амрикоӣ ҳозир нашудаанд, то дар мавриди парвози болгардҳои ношинос барои кумак ба ДИИШ тавзеҳи мантиқӣ ироа диҳанд. Ӯ дар идома бо ишора ба ин ки расонаҳои ғарбӣ ба ин мавзӯъ намепардозанд, аз рӯзноманигорони ғарбӣ хост, то дар ин маврид аз Вазорати дифоъ ва Кохи Сафеди Амрико хостори тавзеҳ шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл мақомоти амниятии афғон ҳамлаи гурӯҳи ДИИШ ба минтақаи стратегии Тура-Бураи вилояти Нангарҳорро таъйид карда буданд.

То кунун Ҳукумати Афғонистон ва на ҳам мақомоти амрикоӣ ба ин изҳороти Вазорати хориҷии Русия вокунише нишон надодаанд. Бо ин вуҷуд гузоришҳо ҳамвора дар мавриди Тура-Бура зидду нақиз будааст, зеро бархе аз расонаҳо ҳамчунон аз иддаои Толибон мабнӣ бар тасаллут бар ин минтақа ҳикоят доранд. Вазорати дифои Афғонистон низ аз оғози амалиёти нерӯҳои вижаи амниятии афғон ба манзури бозпасгирии минтақаи Тура-Бура аз гурӯҳи ДИИШ дар ин шаҳристон хабар дода буд. Пас аз он ки мақомоти амниятии афғон дар Нангарҳор эълом карданд, ки минтақаи стратегии Тура-Бура аз сӯйи нерӯҳои амниятии афғон тасфия шудааст, Зоҳир Қадир, намояндаи Нангарҳор дар парлумони Афғонистон эълом кард, ки ҳанӯз ҳам ДИИШ бар беш аз 60 дарсади ин минтақаи стратегӣ тасаллут дорад.