Август 09, 2016 15:00 Asia/Dushanbe

Арабистон аз соли 2015 то кунун тақрибан 2,7 миллион евро таслеҳотро аз Монтенегро барои террористҳои Сурия харидорӣ кардааст.

Нашрияи "Раъюлявм" рӯзи сешанбе навишт: "Ин муомила тавассути як миёнҷии қавӣ дар Монтенегро анҷом шуда, ки ба даст доштан дар мавориде аз нақзи ҳуқуқи башар дар Либӣ муттаҳам аст".

Бар асоси ин гузориш, саноеи дифои дар Монтенегро аз августи соли гузаштаи мелодӣ 250 тон муҳиммот ва 10 ҳазор сомонаи зидди тонки мутааллиқ ба даврони Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқро ба Арабистон содир кардааст. Торихи масрафи ин таслеҳоти содиршуда аз анборҳои артиши Монтенегро сипарӣ шуда ва дар оянда корбурд надорад. 

Ин нашрия навиштааст, ин анборҳои силоҳ барои истифода дар дохили Арабистон дар назар гирифта нашудаанд ва эҳтимолан ба террористҳо дар Сурия, Либӣ ва Яман таҳвил дода хоҳанд шуд.

Пойгоҳи иттилоърасонии бозаргонии Созмони милал фош кард, ки аз августи соли 2015 то моҳи майи соли 2016 Арабистон 32 тон силоҳи зидди тонк ва 250 тон муҳиммот, аз ҷумла гулулаи хумпора ва гулулаи тӯпи зидди ҳавоӣ аз Монтенегро дарёфт кардааст. 

 

Барчасп