Август 10, 2016 17:13 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии ЮНИСЕФ аз куштори кӯдакон дар Яман

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз кушта шудани кӯдакон дар Яман ибрози таассуф кард.

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе эълом кард, аз замони оғози ҳамалоти Арабистон ба хоки Яман  дастикам 1 121 кӯдаки бегуноҳ кушта ва 1 650 кӯдак низ захмӣ шудаанд. Ҳамалоти Арабистон ба хоки Яман аз моҳи марти соли 2015 оғоз шуда, то кунун беш аз 6 ҳазор кушта бар ҷой гузоштааст. Ҷанг дар Яман сабаб шудааст, ки беш аз 2 миллиону 400 ҳазор яманӣ маҷбур ба тарки маҳалли зиндагии худ шаванд ва ба маконҳои амн паноҳ баранд.

Чанде  пеш Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, эътилофи низомии таҳти раҳбарии Арабистон дар Яман дар феҳрасти сиёҳи омилони куштори кӯдакон қарор гирифтааст, зеро масъули куштаву захмӣ шудани 60 дарсад аз кӯдакони яманӣ дар тайи соли гузашта будааст. Бо ин ҳол, дар пайи эътирози Арабистони Саудӣ Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, номи эътилофи таҳти раҳбарии Арабистонро ба таври муваққат барои баррасии бештар аз феҳристи сиёҳи сабабгори марги садҳо кӯдак дар Яман хориҷ мекунад.

Дар пайи эъломи хурӯҷи номи эътилофи таҳти раҳбарии Арабистон аз феҳристи сиёҳи сабабгори марги кӯдакони яманӣ дабири кулли Созмони Милал ин тасмимро "дардноку душвор" хонда, дар изҳороти бесобиқае ба сароҳат эътироф кард, ки чунин таҷдиди назар бар асари "фишорҳои ғайри қобили қабул"-и Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст. Пан Ги Мун гуфт, Арабистон таҳдид карда, ки дар сурати хориҷ нашудани номи эътилоф аз феҳрасти сиёҳ кӯмакҳои молии худро ба Созмони Милал қатъ хоҳад кард.

Гуфтанист, ки режими Оли Сауд алорағми он ки яке аз поймолкунандагони аслии ҳуқуқи башар дар арсаи байналмилалӣ аст, узви Шӯрои ҳуқуқи башари Созмон Милал мебошад. Бархӯрдҳои бесамари Созмони Милал бо режими Оли Сауди мӯҷиби густохиҳои ин режим дар ташдиди ҷиноёташ дар минтақа, аз ҷумла дар Яман шудааст, ки ин мавзӯъ вокунишҳои афкори умумиро дар пай доштааст. Дар ин замина Солеҳ Самод бастани фурудгоҳҳо ва ҳарими ҳавоии Яманро аз сӯйи саудиҳо маҳкум карда, масъулияти ин иқдомот ва афзоиши таҷовузи Арабистонро ба Яман мутаваҷҷеҳи Созмони Милали Муттаҳид донист. Солеҳ Самод, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман афзоиши иқдомоти хасмона, бастани ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ин кишварро аз сӯйи саъудиҳо маҳкум карда, ин иқдомро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва инсонӣ баршумурд. Оқои Самод хотирнишон кард, бастани ҳарими ҳавоии Яман ва таълиқи парвозҳо мӯҷиби мушкилоти бештар барои мардуми Яман шуда, озодии 27 миллион яманиро барои сафар, ҳамлу нақл маҳдуд менамояд. Ӯ тасреҳ кард, ин иқдом нақзи сареҳи тамоми қонуну муоҳидаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Гуфтанист, ки саудиҳо бо ташдиди муҳосираи Яман ва бастани ҳарими ҳавоии Яман иҷозаи нишастани ҳеҷ яке аз ҳавопаймоҳои хориҷиро дар фурудгоҳи Санъо, пойтахти Яман намедиҳанд.

Ташдиди ҷиноёти Оли Сауд вокунишҳои афкори умумро дар пай доштааст ва дар ин замина сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон низ ҳамалоти муҷаддади Оли Саудро ба марокизи ғайринизомӣ дар Яман маҳкум кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ташдиди ҳамалоти ҳавопаймоҳои Саудиро ба марказҳои ғайринизомӣ ва манотиқи маскунии Яман, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ғайринизомии бегуноҳ шудааст, ба шиддат маҳкум кард. Баҳроми Қосимӣ изҳор дошт, беамалии ҷомеаи ҷаҳонӣ созмонҳои муддаии ҳуқуқи башар ва Шӯрои амнияти Созмони Милал дар баробари ҷиноёти зиддибашарии Арабистон алайҳи мардуми бегуноҳи Яман мӯҷиб шудааст, то ҳукумати ҷангафрӯзи Саудӣ бемуҳобо ба  нест кардани зерсохтҳои ин кишвар, куштори ғайринизомиён ва муҳосираи зиддиинсонии миллати мазлум идома диҳад.

 

Барчасп