Ҳабси беш аз 50 ҳазор нафар дар иртибот бо кудатои Туркия
(last modified Sat, 08 Jul 2017 10:59:21 GMT )
Июл 08, 2017 15:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси беш аз 50 ҳазор нафар дар иртибот бо кудатои Туркия

Вазири додгустарии Туркия аз ҳабси беш аз 50 ҳазор нафар дар иртибот бо кудатои нофарҷоми 15-уми июл, дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузори Анатоли, Бикир Буздоғ гуфт, раванди қазоӣ алайҳи 168 ҳазор гумонбар ба иттиҳоми мушорикат дар кудатои 15 июли 2016, анҷом гирифтааст ва беш аз 50 ҳазор нафар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи Гюлен дар зиндонҳои ин кишвар, дар ҳабс басар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, аз замони кудатои нофарҷоми зидди давлати Туркия то кунун, беш аз 125 ҳазор нафар аз коркунони давлат ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гюлен ихроҷ шудаанд.

Давлати Туркия, Фатҳуллоҳ Гюленро омили аслии ин кудато медонад, аммо Гюлен онро рад мекунад.