Эътирофи Амрико ба пойбандии Эрон ба БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20030-Эътирофи_Амрико_ба_пойбандии_Эрон_ба_БАРҶОМ
Ҳукумати Амрико пойбандии Эрон ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро эътироф мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 14, 2017 13:12 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Амрико ба пойбандии Эрон ба БАРҶОМ

Ҳукумати Амрико пойбандии Эрон ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро эътироф мекунад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Weekly Standard”, давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико то қабл аз фаро расидани муҳлати гузоришдиҳӣ ба Конгресси Амрико дар рӯзи душанбе барои бори дувум пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаии Эрон бо “Гурӯҳи панҷ ба илова як”, мавсум ба БАРҶОМ-ро таъйид хоҳад кард, аммо ҳамчунон эҳтимоли хурӯҷи Вашингтон аз ин тавофуқ то нимаи моҳи октябрро боз нигоҳ доштаанд.

Қонунҳои Амрико ҳукумати ин кишварро муваззаф мекунад, ҳар 90 рӯз як бор пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташ ба мисли тавофуқи ҳастаиро ба Конгресси ин кишвар гузориш диҳад.

“Weekly Standard” навиштааст, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико ва Ҷеймз Меттис нерӯҳои ҳомии пойбанди Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ҳастанд, дар ҳоле ки Стивен Бэннон, стратеги аршади Кохи Сафед аз ин тавофуқ ҳимоят намекунад. Робрет Макмастер, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ҳам бидуни ҳимоят ё мухолифат бо он дар садади ҳифзи мувозинат миёни ду тараф аст.

Мавозеи зиддибарҷомии Трамп аз замони таблиғоти интихоботӣ то кунун ҳамвора мавриди интиқоди афкори умуми ҷаҳон, аз ҷумла мардуми Амрико, бавижа нухбагон будааст.