Таъкиди Амрико бар пойбандии Эрон ба БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20186-Таъкиди_Амрико_бар_пойбандии_Эрон_ба_БАРҶОМ
Давлати Амрико эълом кард, Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ бо гурӯҳи панҷи ба иловаи як пойбанд будааст.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Июл 18, 2017 07:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амрико бар пойбандии Эрон ба БАРҶОМ

Давлати Амрико эълом кард, Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ бо гурӯҳи панҷи ба иловаи як пойбанд будааст.

Ба гузориши торнамои радиоии NPR, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико тайид кард, Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ амал карда ва ба мафоди барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) пойбанд будааст.

NPR аз қавли мақомҳои давлати Амрико дар ин ҳол Эронро таҳдиде ҷиддӣ барои манофеи Амрико дар минтақа донист .

Давлати Амрико бояд ҳар 90 рӯз якбор ба Конгресс дар бораи пайбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ гузориш диҳад.

Ин дуввумин бор аст, ки давлати Трамп бо вуҷуди мухолифат бо БАРҶОМ, ногузир ба эътироф дар бораи пайбандии ҷумҳурии исломӣ ба тааҳҳудоташ дар тавофуқи ҳастаӣ мешавад .

Бен Родс, мушовири пешини Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико ҳам гуфт, давлати Трамп наметавонад аз ин воқеият фирор кунад, ки Эрон ба БАРҶОМ пойбанд будааст.

Бо рӯи кор омадани Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷанҷолии Амрико, Вашингтон сиёсатҳои хасмонатаре зидди ҷумҳурии исломии Эрон иттихоз кардааст .

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Британия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора БАРҶОМ-ро нақз мекунад .