Моҷарои як мамнуияти аҷиб дар Чин+акс
Давлати Чин дар чорчуби мубориза бо веблогнависон ва ба далеле аҷиб, интишори тасовири Винни-Пух, хирси қиссаҳо ва аниматсияҳои мавриди алоқаи кӯдаконро мамнуъ кардааст.
Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, интишори тасовири ин хирси маъруфи карикатураӣ ҳамроҳ бо исми чиниаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мамнуъ шудааст, зеро веблогнависони чинӣ онро бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури ин кишвар муқоиса кардаанд .
Ҳангоме, ки Си Ҷинпин ва Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон дар ниҳояти бемайлӣ ва бо чеҳраҳои ошкоро муаззаб бо ҳам даст доданд, корбарони интернетӣ бо интишори тасовири даст додани Ейвар ва Винни-Пух вокуниш нишон доданд .
Пас аз он низ ҳангоме, ки раисҷумҳури Чин барои бозрасии сарбозон сарашро аз сақфи Лимузин берун овард, аксе аз асбоббозии Винни-Пух, ки сари худро аз мошини кӯчакаш берун оварда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд .
Шояд дар кишварҳои дигар, чунин муқоисаҳое хашм ва ранҷишро ба дунбол надошта бошад ва ҳатто бо истиқбол ҳам рӯ ба рӯ шавад, аммо дар Чин ин тавр нест .
Дар Чин, раисҷумҳур корҳои музҳик намекунад, одатҳои аҷиб надорад, шухӣ ва иштибоҳ ҳам намекунад, ба ҳамин далел, фаротар аз инсонҳои маъмулӣ маҳсуб мешавад ва ҳечгоҳ набояд ӯро зери савол барад .