Мақоми рус: БАРҶОМ бадаҳдии Амрикоро дар қиболи тааҳҳудоти байналмиллалӣ ошкор кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20402-Мақоми_рус_БАРҶОМ_бадаҳдии_Амрикоро_дар_қиболи_тааҳҳудоти_байналмиллалӣ_ошкор_кард
Раиси Маркази стратегияи сиёсии Русия гуфт, Амрико бо бадаҳдӣ ва нақзи БАРҶОМ, худро ба унвони бузургтарин ноқизи тааҳҳудоти байналмилалӣ муаррифӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 22, 2017 16:30 Asia/Dushanbe
  • Мақоми рус: БАРҶОМ бадаҳдии Амрикоро дар қиболи тааҳҳудоти байналмиллалӣ ошкор кард

Раиси Маркази стратегияи сиёсии Русия гуфт, Амрико бо бадаҳдӣ ва нақзи БАРҶОМ, худро ба унвони бузургтарин ноқизи тааҳҳудоти байналмилалӣ муаррифӣ кард.

Сергей Михеев- раиси Маркази стратегияи сиёсии Русия, дар мусоҳиба бо ИРНА ба нишасти Комиссия ҳамоҳангии БАРҶОМ дар Вена ишора кард ва гуфт, аъзои гурӯҳи 5+1 ва Эрон, БАРҶОМ-ро барои ҳаллу фасли комили ихтилофҳо дар мавзӯи ҳастаӣ имзо ва мутааҳҳид ба иҷрои комили мафоди он шуданд, аммо Амрико бо бадаҳдӣ, ин тааҳҳуди байналмилалиро нақз кардааст.

Михеев афзуд, бадаҳдии Амрико дар қиболи БАРҶОМ дар ҳоле аст, ки Шӯрои амнияти Созмони Милал бо судури қатънома бар лузуми пойбандии тамоми тарафҳо ба ин тавофуқи байналмилалӣ таъкид кардааст.

Вай гуфт, тозатарин намунаи аҳдшикании Амрико таҳрими 18 фард ва ниҳоди эронӣ аст, ки Вашингтон ахиран ба вуҷуди изъони пойбандии Теҳрон ба БАРҶОМ, ба баҳонаи барномаи мушакӣ ва таҳаввулоти минтақаӣ, анҷом дод.

Михеев таъкид кард, Амрико ҳақ надорад дар БАРҶОМ бозбинӣ кунад ва ба вуҷуди хости Вашингтон, музокирот аз саргирифта нахоҳад шуд, балкӣ ин тавофуқи байналмилалӣ бояд батаври комил иҷро шавад.

Нишасти Комиссияи ҳамоҳангии иҷроии БАРҶОМ рӯзи ҷумъа дар Вена бо эъломи мавориди бадаҳдӣ Вашингтон аз он, поён ёфт.