Русия: Косаи сабрамон дар ҳоли лабрез шудан аст
Муовини вазири умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба таҳримҳои зидди русии ҷадиди Амрико гуфт, косаи сабри Маскав дар баробари рафторҳои Амрико дар ҳоли лабрез шудан аст.
Ба нақл аз хабаргузории ИТАР-ТАСС, Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия афзуд: Маскав мутаносиб бо иқдомоти Амрико вокуниш нишон хоҳад дод .
Муовини вазири умури хориҷаи Русия дар идома афзуд: Маскав ҳамчунони Амрикоро манбаи хатар медонад .
Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷаи Русия, тарҳи таҳримҳои ҷадид ҳосили афкори манфии намояндагони Конгресси Амрикост, ки аз Русия нафрат доранд ва хоҳони таҳти фишор қарор додани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳастанд .
Маҷлиси намояндагони Амрико, рӯзи сешанбе дар идомаи рӯйкарди хасмонаи Вашингтон дар қиболи Теҳрону Маскав, тарҳи ҷомеи таҳримҳои ҷумҳурии исломии Эрон ва Русияро бо 419 раъйи мувофиқ ва фақат се раъйи мухолиф тасвиб кард .