Июл 28, 2017 16:13 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Покистон истеъфо дод

Нахуствазири Покистон дар пайи судури ҳукми радди салоҳияташ аз сӯйи Додгоҳи Олӣ истеъфо дод.

Ба гузориши ИСНА, Додгоҳи Олии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, нахусти вазири ин кишварро дар парвандаи фасоди молии мавсум ба "асноди Панама" муҷрим шинохта, ӯро аз салоҳиятҳояш маҳрум кард.

Панҷ додраси Додгоҳи Олии Покистон ин тасмимро эълом карданд.

Дар пайи эъломи радди салоҳияти Навоз Шариф ҳузури густурдаи нерӯҳои амниятӣ дар шаҳрҳои Ровилпинди ва Исломобод ба назар расида, таҷаммӯоти беш аз панҷнафарии шаҳрвандон дар ин шаҳрҳо мамнӯъ шудааст. Бар асоси ҳукми Додгоҳи Олӣ, Навоз Шариф дигар ҳақ надорад, фаъолияти сиёсӣ дошта бошад ва ҳамчунин бар асоси ин ҳукм, Навоз Шарифу хонаводааш мамн-ул-хурӯҷ шудаанд. Додгоҳи Олии Покистон ҳамчунин Исҳоқ Дор, вазири умури иқтисод ва дороӣ ва Муҳаммад Сафдар, домоди Навоз Шарифро аз салоҳиятҳояшон маҳрум кардааст. Додгоҳи Олии Покистон ҳамчунин Мамнун Ҳусейн, раисҷумҳури Покистонро муваззаф кард, то мароҳили қонуниро барои идомаи барқарории демократия дар ин кишвар ва заминасозӣ барои ташкили ҳукумати ҷадид анҷом диҳад.

 

Барчасп