Раҳбари Кореяи Шимолӣ: Ҳама хоки Амрико дар тирраси мост
Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ таҳдид кард, тамоми хоки Амрико дар тирраси мушакҳои Пхенян қарор дорад.
Ба гузориши ИРНА, Ким Чен Ин гуфт, озмоиши рӯзи ҷумъаи мушаки қорапаймои Кореяи Шимолӣ нишон дод, Пхенян метавонад дар ҳар замоне ҳар кишваре, аз ҷумла Амрикоро ҳадафи мушак қарор диҳад.
Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа як мушаки қорапайморо шиллик кард, ки дар обҳои Минтақаи вижаи иқтисодии Ҷопон фурӯд омад.
Пеш аз ин ҳам Пак Юнг Сик, узви аршади нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ таҳдид карда буд, ки ҳар гуна иштибоҳи муҳосиботии Амрико бо ҳамлаи ҳастаии Пхенян рӯбарӯ хоҳад шуд ва агар ин кишвар ба гузинаҳое аз ҷумла ҳамлаи ҳастаӣ алайҳи Пхенян ҳамроҳ шавад, Кореяи Шимолӣ низ бидуни ҳушдори аввалия, Амрикоро ҳадафи ҳамлаи ҳастаӣ қарор медиҳад.
Пхенян борҳо таъкид кардааст, то замоне ки Амрико ва муттаҳидонаш ба размоишҳо ва таҳдидҳояшон зидди Кореяи Шимолӣ идома диҳанд, ин кишвар низ ба тақвияти тавонмандиҳои низомӣ ва тавоноии ҳамлаи пешдастонаи худ идома хоҳад дод.