Нигарониҳо аз султаҷӯии Арабистон дар расонаҳои Биритониё
(last modified Sat, 29 Jul 2017 13:05:18 GMT )
Июл 29, 2017 18:05 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо аз султаҷӯии Арабистон дар расонаҳои Биритониё

Як сармоягузори Саудӣ бо хариди бахши зиёде аз саҳоми пойгоҳи интернетии биритониёии Индипендент, нигаронии гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва озодии расонаро барангехтааст.

   Рӯзномаи “Гордиан” чопи Лондон рӯзи шанбе навишт, Султон Муҳаммад Абулҷадоил- сармоягузори 42 солаи саудӣ, бо хариди 25 то 50 дарсад саҳоми пойгоҳи интернетии рӯзномаи Индипендент, миллионҳо долларро ба ҷайби моликони ин рӯзнома равона кардааст.

  Ин рӯзнома афзуд, бар асоси асноди мавҷуд дар хонаи ширкатҳо, ниҳоди масъули сабти ширкатҳои таблиғотӣ дар Биритониё, Абулҷадол бо дар ихтиёр доштани ин саҳми бузург, метавонад дар яке аз бузургтарин расонаҳои хабарӣ, эъмоли нуфуз кунад.

  Ба навиштаи Гордиин, зоҳиран ин сармоягузори саудӣ, дар Биритониё фаъолиятҳои тиҷории дигаре анҷом намедиҳад ва рӯзномаи «Midel East» низ вайро як сармоягузори мубҳами муқими Арабистон ва мутааллиқ ба як хонаводаи тоҷир дар шаҳри Мадина тавсиф кардааст.

  Сармоягузории ин фарди мутааллиқ ба Арабистон, фоқиди ҳаргуна озодии баён дар Индипендент, интиқодҳои мудофеъони озодии баён ва матбуотро мӯҷиб шудааст.

  Siavash Dali -муовини дабири кулли Иттиҳодияи миллии хабарнигорони Биритониё, гуфт, ин иттиҳодия, ки ҳомии шаффофияти моликияти расонаҳои хабарӣ аст, дар бора Абулҷадоил ҳеҷ иттилооте надорад ва низ дар бораи Арабистон ва таомули он бо мафҳуми озодии расона, нигарониҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад.