Интиқоли рӯҳонии барҷастаи озарӣ ба зиндони ваҳшатноки Қобустон
(last modified 2017-07-31T09:47:07+00:00 )
Июл 31, 2017 14:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли рӯҳонии барҷастаи озарӣ ба зиндони ваҳшатноки Қобустон

Давлати Илҳом Алиев ҳамчунон дар пайи озору азияти муъминон ва шиканҷаи ҷисмӣ ва рӯҳии онон аст.

Ба гузориши Маркази фарҳангии Қафқоз, ҳуҷҷатулислом Ҳоҷитолеъ Боқирзода, раҳбари ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонони ҷумҳурии Озарбойҷон ба зиндони махуф (ваҳшатнок)-и Қобустон мунтақил шудааст.

Ин дар ҳолест, ки то кунун мақомҳои давлатии Боку ҳеҷ гуна далел ва сабабе барои интиқоли ин рӯҳонии машҳури озарӣ эълом накардаанд.

Ахиран давлати Боку доктор Муҳсин Самадов, раҳбари Ҳизби исломи ҷумҳурии Озарбойҷонро ба зиндони махуфи Қобустон мунтақил кард. Пас аз он низ расонаҳои Боку гузориш доданд, ки Аббос Ҳусайнов ва Ҷаббор Ҷабборов, ду тан аз наздикони Ҳоҷитолеъ Боқирзода, раҳбари ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонон ва аз дастгиршудагон дар воқеаҳои рустои Нордорон дар соли 2015-и мелодӣ ба зиндони махуфи Қобустон мунтақил мешаванд.

Ба ҳамин далел бархе аз расонаҳои Боку тайи гузоришҳое эълом карданд, ки ҳокимияти Боку қасд дорад тамоми муъминони озариро ба зиндони махуфи Қобустон мунтақил кунад.

Ҳоҷитолеъ Боқирзода дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи савуми Нордорон ба Фориз Намозли, вакили мудофеи боздоштшудагони қасаба (ҷамоат)-и Нордорон гуфтааст, масъулони зиндон ба манзури шиканҷа, ин афродро ба зиндони Қобустон мунтақил кардаанд.

Бо вуҷуди озори бесобиқа муъминони озарӣ то кунун на танҳо аз имони худ даст накашидаанд, балки гузоришҳои мустанад баёнгари тақвияти рӯҳияи имон ва тақвои ин қишр аз ҷомеаи ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Ҳоҷитолеъ Боқирзода, раҳбари ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонони ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар рӯзи 26-уми ноябри соли 2015-и мелодӣ дар маҷлиси азодорӣ дар остонаи “Арбаини ҳусайнӣ (а)” дар қасабаи Нордорон, дар наздикии Боку дастгир шуд. Ҳоҷитолеъ Боқирзода ва тамоми боздоштшудагони ҳодисаҳои Нордорон бо иттиҳомҳои беасосе назири талош барои қатли барқасдона ва дар ихтиёр доштани ғайриқонунии силоҳи гарм муҳокима ва ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шудаанд.

Ҳабси бедалели муъминини ҷумҳурии Озарбойҷон ва рӯҳониёни барҷастаи озарӣ ин ҳақиқатро ошкор сохтааст, ки шикофи шадиде миёни ҳокимияти Боку ва мардуми мусалмони ҷумҳурии Озарбойҷон вуҷуд дорад. Ин шикофро бояд ба маънои набуди ҳимоятҳои мардумӣ аз ҳокимияти Боку қаламдод кард.

Дар ин иртибот Ҷавод Мири Миниқ, устоди донишгоҳ ва аз коршиносони сиёсӣ дар ҳавзаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ гуфтааст, дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ, хусусан ҷумҳурии Озарбойҷон шикофе, ки миёни миллат ва ҳокимият вуҷуд дорад, боиси таззоди бунёдин шудааст. Зеро ҳокимияти Боку сиёсатеро пеш гирифтааст, ки бо фарҳанг ва таърихи ҷомеаи мусалмон ҳамроҳӣ ва ҳамхонӣ надорад ва ин худ боиси эҷоди шикофҳои бунёдин шудааст.

Осиф Ҳоҷизода, устоди донишгоҳ ва коршиноси сиёсӣ низ дар ҳамин иртибот пешбинӣ кард, ҳукумати Алиевҳо тайи ду даҳаи оянда дучори буҳрони машруият хоҳад шуд. Зеро ҳукумате, ки заминаи қонунии фаъолият ё машруияти худро аз мардум нагирифта бошад, фурӯ хоҳад пошид. Дигар бо ҷараёни озоди иттилоот ва вуҷуди расонаҳои иртиботи ҷамъӣ намешавад мамлакате назири ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистонро монанди сад соли пеш идора кард.

Дар маҷмӯъ бояд гуфт, талоши давлати Боку дар сахтгирии рӯзафзун ба фаъолони динӣ, аз ҷумла интиқоли ин рӯҳонии барҷаста ба яке аз махуфтарин зиндонҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, илова бар рӯбарӯ кардани Боку бо буҳрони машруият, харҷи бархурдҳои баъдӣ бо дигар фаъолони мазҳабиро низ афзоиш хоҳад дод.