Август 03, 2017 13:13 Asia/Dushanbe
  • Трамп тарҳи таҳримҳои Эронро имзо кард

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико тарҳи таҳримҳо алайҳи Русия, Эрон ва Кореяи Шимолиро имзо ва онро ба қонун табдил кард.

  Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бастаи ҷадиди таҳримҳоеро, ки ба таври мустақим Русия, Эрон ва Кореяи Шимолиро ҳадаф қарор медиҳад ва пеш аз ин дар Маҷлиси намояндагон ва Сенатии Амрико тасвиб шудааст, имзо ва ба қонун табдил кард. Ин таҳримҳо, ки бавижа бахши энержии Русияро ҳадаф қарор медиҳад, бо интиқоди шадиди Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ будааст.

  Аврупо зимни он ки ин иқдоми Амрикоро якҷониба хонда ва онро маҳкум кардааст, бими он дорад, ки ин таҳримҳо дар таъмини гази ин қора ихтилол эҷод кунад.

  Раисиҷумҳури Амрико, пас аз имзои қонуни таҳримҳо баёнияро мунташир кард.

 Трамп дар матни ин баёния, ки дар пойгоҳи интернетии Кохи Сафед мунташир шуда, давлатҳои Эрон ва Кореяи Шимолиро саркаш хонда ва таъкид кардааст, ман мувофиқи иқдомоти шадид барои танбеҳ ва муқобила бо рафтори давлатҳое монанди Теҳрон ва Пхенян ҳастам ва ҳамчунин мувофиқи ин ҳастам, ки ба ҳамагон нишон диҳем, Амрико мудохилаи хориҷӣ дар раванди демократияи худро нахоҳад пазируфт ва бо муттаҳидонаш дар баробари иқдомоти бесуботкунанда ва харобкоронаи Русия хоҳад истод.

 Ин баёния меафзояд, ин амр нишондиҳандаи иродаи мардуми Амрикост, ки хостори мушоҳидаи бардошта шудани гомҳое аз тарафи Русия, дар ҷиҳати беҳбуди равобит бо Иёлоти Муттаҳида ҳастанд ва паёми возиҳеро барои Эрон ва Кореяи Шимолӣ ирсол мекунад, бино бар он ки Амрико рафтори хатарнок ва бесуботкунандаи онҳоро бар нахоҳад тофт.

 

Барчасп