Август 04, 2017 16:34 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Чин бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Кореяи Шимолию Русия

Вазорати умури хориҷии Чин бо интишори баёнияе эълом кард, Пекин бо эъмоли ҳар гуна таҳрими якҷониба аз сӯйи ҳар кишваре, монанди таҳримҳои ахири Амрико алайҳи Русия ва Кореяи Шимолӣ мухолиф аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник” аз Пекин, дар баёнияи рӯзи ҷумъаи Вазорати умури хориҷии Чин дар ин бора омадааст, Чин ҳамвора ба эъмоли таҳримҳои якҷониба алайҳи кишварҳои ҷаҳон мухолиф аст. Дар ин баёния ҳамчунин тасреҳ шудааст, ихтилофҳои кишварҳои мухталиф бояд бар пояи эҳтироми мутақобил, аз тариқи музокироти баробар, одилона ва мутаносиб ҳаллу фасл шавад. Дар ҳамин пайванд Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи душанбе дар посух ба паёми твиттерии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард, барои ҳалли масъалаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ талошҳои муштараки ҳама тарафҳо мавриди ниёз аст ва сиёсатҳои ғалати Амрико дар минтақа мӯҷиби буҳрон дар шибҳиҷазираи Корея шудааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чанд рӯз пеш дар паёми твиттерии худ эълом карда буд, аз Чин ба иллати кумак накардан барои ҳалли буҳрони шибҳиҷазираи Корея ноумед шудааст.