Август 12, 2016 19:29 Asia/Dushanbe
  • Таблиғи Ислом дар Олимпии Рио –де- Жанейро

Теъдоде аз занон ва мардони мусулмони бразилӣ дар ҳошияи бозиҳои Олимпӣ ба таблиғи дини мубини Ислом мепардозанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, теъдодӣ аз занону мардони мусулмони бразилӣ ҳар рӯз муқобили дари вурудии деҳкадаи бозиҳои Олимпии Рио-де –Жанейро ба таблиғи дини Ислом машғул ҳастанд ва бо ташреҳи аҳкоми исломӣ ва посух ба суолоти муроҷиакунандагон, ононро даъват ба гаравидан ба дини Ислом мекунанд.

Ҷамила Дилимоеми, яке аз занони мусулмони бразилӣ дар ин бора гуфт, ки дар тӯли баргузории бозиҳои Олимпӣ ба ҳамроҳи дӯстони мусулмони худ варақаҳоеро дар муаррифӣ ва ташреҳи дастурот ва нигоҳи дини Ислом дар мавриди масоили мухталиф миёни муроҷиакунандагон тақсим мекунанд.

Дидгоҳи Ислом дар мавриди масеҳият, занон, муаррифии Қуръон, муаррифии марокизи исломии Бразилия аз ҷумлаи мавзӯоти брошурҳои таблиғотии Ҷамила Дилимоеми аст.

Ин бонӯи мусулмони бразилӣ тавзеҳ дар мавриди ғизои ҳалол ва ҳаромро аз муҳимтарин суолоти муроҷиакунандагон унвон кард.

Ба гуфтаи ин зани мусулмони бразилӣ наздик ба 2 миллион мусулмон дар Бразилия зиндагӣ мекунанд.

Сивуякумин давраи бозиҳои Олимпӣ аз 6 август тайи маросими вижае дар шаҳри Рио-деЖанейрои Бразилия оғоз шуд ва то бистуякуми август низ идома хоҳад дошт.

 

Барчасп