Август 07, 2017 13:24 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Дустум аз беэътиноии давлати Ашраф Ғанӣ ба куштори мардуми Сарипул

Муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон аз беэътиноии давлати Ашраф Ғанӣ ба куштори мардуми минтақаи Мирзо Оланги вилояти Сарипул ба дасти Толибон интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Абдулрашид Дустум имрӯз  (душанбе) аз бетафовутӣ ва камкории давлати Ашрафи Ғанӣ ва нерӯҳои амниятии афғон дар қиболи фоҷиа дар Мирзо Оланг интиқод кард ва гуфт, ин ҷиноят сарнавишти хонаводаҳои минтақаи Мирзо Олангро ба хатар меандозад.

Дустум гуфт, неруҳои мардумӣ ва пулиси маҳаллии минтақаи Мирзо Оланги вилояти Сарипул ба шиддат дар баробари юриши се рӯзи пеши Толибон ба ин минтақа муқовамат карданд, аммо ба далели камбуди муҳиммот ва таҷҳизоти ҷангӣ, ин нерӯҳо ба муҳосираи Толибон даромаданд.

 Вай дар паёми худ зимни изҳор таассуф аз ин фоҷиа, аз ҳамаи мардуми муқовими вилояти Сарипул ва дигар вилоятҳо хост, бо шуҷоат дар баробари душманон муқовамат кунанд.

Муҳаммадзоҳир Ваҳдат, волии Сарипул рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, пас аз суқути минтақаи роҳбурдии Мирзо Оланг дар наздикии шаҳристони Сайёд, Толибон чиҳил ғайринизомиро дар ин минтақа тирборон карданд.

Ин ҷинояти Толибон дар ҳоле аст, ки ин гурӯҳ пеш аз ин муддаӣ шуда буд, ғайри низомиёнро ҳадаф қарор намедиҳад.

 

Барчасп