Август 10, 2017 13:54 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳолати омодабош дар иёлати Ҳовойии Амрико

Мақомоти амрикоӣ ба думболи қувват гирифтани эҳтимоли ҳамлаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба иёлати Ҳовойи (Гавайи), дар ин иёлат ҳолати омодабош эълом карданд.

Ба гузориши шабакаи Си Эн Эн, мақомҳои амрикоӣ зангҳои хатарро дар манотиқи мухталифи ҷазираҳои Ҳовойи омода карда ва аз мардуми ин иёлат хостаанд, омода бошанд то дар сурати ҳамлаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба паноҳгоҳ бираванд.

Мақомоти низомии Амрико пешбинӣ кардаанд, шиллики мушак аз Кореяи Шимолӣ то бархурди он ба Ҳовойи танҳо бист дақиқа замон хоҳад бурд.

Ҳамаи ҷазираҳои Ҳовойи дар уқёнуси Ором, иёлати панҷоҳуми Амрикост, ки пойтахт ва маркази он шаҳри Ҳонолулу аст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ин ҳафта бар хилофи урфи дипломатӣ таҳдид кард, ки Кореяи Шимолӣ бо оташу хашм мувоҷеҳ мешавад, ки дунё ҳаргиз назирашро надидааст.

Кореяи Шимолӣ низ дар посух эълом кард, тарҳи ҳамлаи мушакӣ ба ҷазираи Гувом (Гуам)-ро, ки аз қаламравҳои вобаста ба Амрико дар уқёнуси Ором аст, ба диққат баррасӣ мекунад.

 

Барчасп