Август 15, 2017 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ким Ҷонг Ун ба артиши Кореяи Шимолӣ омодабош дод

Раҳбари Кореяи Шимолӣ ба артиши ин кишвар дастур дод, барои ҳаргуна ҳамлаи мушакӣ омода бошанд.

Ким Ҷонг Ун дар нишасти тавҷеҳӣ бо фармондеҳони низомии ин кишвар, аз ҷузъиёти тарҳи ҳамла ба ҷазираи Гуам дар ғарби Уқёнуси ором огоҳ шуд .

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар ин нишаст таъкид кард, Амрико бояд барои ҷилавгирӣ аз даргирӣ бо Пхенян гузинаи дурустро интихоб кунад .

Ким Ҷонг Ун ҳамчунин ба фармондеҳони низомии Кореяи Шимолӣ дастур дод, то артиши ин кишварро барои ҳамла дар сурате, ки зарурати ин иқдом эҳсос шавад, омода кунанд .

Пхенян 10 август эълом кард, то авосити ҳамин моҳ тарҳи ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи бомбафканҳои роҳбурдии Амрико дар ҷазираи Гуамро такмил ва барои тасмимгирӣ дар хусуси иҷрои ин тарҳ, ба Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ ироа хоҳад кард .

Тибқи ин тарҳ, Кореяи Шимолӣ бо 4 мушаки баллистики роҳбурдии миёнбурди "Ҳосунг-12", ҷазираи Гуамро, ки дар фосилаи се ҳазору 200 километрии Пхенян қарор дорад, ҳадаф қарор хоҳад дод .

Гуам ҷазирае дар ғарби Уқёнуси ором аст, ки таҳти ҳокимияти Амрико қарор дорад ва ҳаҷми анбуҳе аз таҷҳизоти низомӣ ва нерӯҳои амрикоӣ дар он мустақар ҳастанд .

Танишҳо миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ дар рзҳои ахир бо рўӣкарди ҷангталабонаи  Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шиддати бештаре ёфт ва Трамп Кореяи Шимолиро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид кард .

 

Барчасп