Омӯзиши Ислом ба аъзои боздоштшудаи “Боку ҳаром” дар Нигерия
(last modified Tue, 15 Aug 2017 15:21:07 GMT )
Август 15, 2017 20:21 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши Ислом ба аъзои боздоштшудаи “Боку ҳаром” дар Нигерия

Ҳукумати Нигерия аз баргузории барномаи бозомӯзии Ислом барои пайравони гурӯҳи террористии “Боку ҳаром” хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии “Қуръон”, Ҳукумати Нигерия барномаи бозомӯзии Исломро барои ҳашт ҳазор нафар аз зиндониёни гурӯҳи террористии “Боку ҳаром” бо ҳадафи омӯзиши Исломи ҳақиқӣ ва ислоҳи дидгоҳҳои ифротии онҳо баргузор кард. Бар асоси баёнияи Ҳукумати Нигерия, коршиносони исломӣ, равоншиносон, мутахассисону мушовироне аз сӯйи ҳукумат дар барномаи бозомӯзии Ислом барои кумак ба зиндониёни “Боку ҳаром” ширкат карданд.

Гурӯҳи террористии “Боку ҳаром” соли 2009 бо ҳадафи тасаллут бар шимоли Нигерия, ки мусалмоннишин аст, силоҳ ба даст гирифта, ҳамалоти худро ба Нигерия, Чад ва шимоли Камерун низ густариш дод. Ин гурӯҳ аз соли 2009 то кунун беш аз 20 ҳазор нафарро дар Нигерия, Камерун, Чад кушта ва беш аз ду миллион нафарро овора кардааст.