Август 20, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Хохоми Барселона “аз оби гилолуд моҳӣ мегирад”

Хохоми шаҳри Барселона ҳамлаи террористӣ дар ин шаҳрро дастовезе барои тарвиҷи афкори худ алайҳи фаластиниҳо ва дигар мусалмонон қарор дод.

Ба гузориши сойти интернетии “Арабӣ-21”, Меир Бар-Ҳен (Meir Bar-Hen), хохоми яҳудии Барселона иддао кардааст, ки яҳудиёни ин шаҳр маҳкум ба ҳалок ҳастанд, зеро мақомоти Испания намехоҳанд бо Исломи ифротӣ муқобила кунанд. Ӯ дар ин зимн шаҳрвандони яҳудии Испанияро ба тарки ин кишвар ва рафтан ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин ташвиқ кард. Ин хохоми яҳудӣ гуфт: «Яҳудиёни Испанияро ташвиқ мекунам, ки дар Исроил замину мулк бихаранд ва иштибоҳи яҳудиёни Алҷазоиру Венесуэларо такрор накунанд, зеро хурӯҷи зудҳангом беҳтар аз хурӯҷи дервақт аст».

Ҳамлаи террористии ахир дар шаҳри Барселонаи Испания 14 кушта ва 100 захмӣ бар ҷой гузошт. Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи маргборро ба уҳда гирифт.