Август 26, 2017 10:21 Asia/Dushanbe
  • Кореяи Шимолӣ мушак партоб кард

Фармондеҳи Амрико дар Уқёнуси Ором аз партоби се мушаки баллистикӣ аз сӯи Кореяи Шимолӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, фармондеҳи Амрико дар уқёнуси Ором эълом кард: 2 адад аз ин 3 мушак дар ҳаво мунфаҷир шуда ва як адади дигар дар дарёи Япония фуруд омадааст.

Ин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ дар замони баргузории размоиши муштараки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар нимҷазираи Корея сурат гирифтааст.

Размоиши 10-рӯзаи муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико ба вуҷуди мухолифати Кореяи Шимолӣ ва дигар кишварҳои минтақа аз ҷумла Чин ва Русия аз душанбеи гузашта бо ҳузури 17 ҳазору 500 низомии амрикоӣ ва 50 ҳазор сарбози Кореяи Ҷанубӣ оғоз шудааст.

Чин ва Русия дар вокуниш ба баргузории размоиши муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико бо таъкид бар ин, ки вазъияти амниятии нимҷазираи Корея нигаронкунанда аст таъкид карданд, ки афзоиши танишҳо дар минтақа ба суди ҳеҷ тарафе нест.

Танишҳои миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ дар рӯзҳои охир бо рӯйкарди ҷангталбонаи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико беш аз пеш шиддат ёфтааст.

Трамп ҳаштуми август Кореяи Шимолиро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид кард.

 

Барчасп