Суди миллиардии Амрико аз қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон
(last modified Mon, 28 Aug 2017 11:44:07 GMT )
Август 28, 2017 16:44 Asia/Dushanbe
  • Суди миллиардии Амрико аз қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон

Фармондеҳони низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон миллиардҳо доллар аз қочоқи байналмилалии маводи мухаддир суд мебаранд.

Ба гузориши ИРНА, шабакаи телевизионии РТВ-и Русия дар барномае мустанад фош кард, ки қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон ба манбаи даромади миллиардӣ барои бархе афрод дар Амрико табдил шудааст.

Аз соли 2002 ва пас аз ҳузури нерӯҳои амрикоӣ мизони тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон 50 баробар шудааст.

Бар асоси гузориши шабакаи русӣ, акнун тақрибан дар саросари ин кишвар хашхош кишт мешавад ва низомиёни амрикоӣ ҳеҷ муборизае алайҳи кишти гиёҳи афюнӣ, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир анҷом намедиҳанд.

Вазорати умури хориҷаи Русия ба тозагӣ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши қобили таваҷҷуҳи тавлид, кишт ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон, дар баёнияе худдории Амрико ва НАТО аз мубориза бо ин падидаро бисёр машкук ва ҳайратовар хонд.

 Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар юриш бурд, аммо аз он замон то кунун ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиши чашмгире доштааст.

 

Барчасп