Покистон: Аз ҳампаймонӣ бо Амрико хисороти фаровон дидаем
Вазири умури хориҷаи Покистон дар тозатарин изҳороташ дар бораи равобити Исломобод- Вашингтон гуфт, Покистон аз ҳампаймон будан бо Амрико ҷуз хисорати фаровон суде набурдааст.
Ба гузориши ИРНА, Хоҷа Осаф гуфтааст, Амрико набояд Покистонро муқассир ва масъули нокомиҳои 16 соли ахири худ дар ҷанги Афғонистон бидонад ва бояд даст аз нисбат додани иттиҳомоти беасос алайҳи Исломобод бардорад.
Вазири умури хориҷаи Покистон ҳамчунин дар посух ба иддаои Амрико дар бораи ин ки Покистон аз Толибони Афғонистон ҳимоят мекунад ва ба онҳо паноҳ медиҳад, афзуд: “Толибони Афғонистон мушкили Амрико ва Афғонистон аст ва на мушкили Покистон ва агар Амрико ба мо эътимод надорад, худаш биёяд ва муҳоҷирони афғон дар Покистонро ба кишварашон бозгардонад”.
Хоҷа Осаф иддаоҳои ҳафтаи гузаштаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикоро дар бораи ҳимояти Покистон аз террористҳо озордиҳанда тавсиф кард ва гуфт, ин иддаоҳо дар ҳолест, ки 200 ҳазор нафар аз сарбозони Покистон машғули ҷанг бо терроризм ҳастанд ва ҳазорон нафар аз нерӯҳои Покистон дар ин роҳ ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳафтаи гузашта Доналд Трамп дар эъломи роҳбурди ҷадиди давлати Амрико дар қиболи Афғонистон ва Ҷануби Осиё, Покистонро ба сароҳат муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм кард.
Пас аз ин изҳорот таниш дар равобити Исломобод-Вашингтон афзоиш ёфта ва эҳсосоти зиддиамрикоӣ дар афкори умумии Покистон ва ҳамчунин дар миёни мақомоти ин кишвар ташдид шудааст.