Баргузории маросими "бароат аз мушрикин" дар саҳрои Арафот
Ҳаҷгузорони хонаи Худо бо барпоии маросими "бароат аз мушрикин" дар саҳрои Арафот, бар ваҳдати ҷаҳони Ислом ва масъалаи меҳварии Фаластин ва Қудси Шариф таъкид карданд.
Ҳаҷгузорон рӯзи панҷшанбе, нуҳуми зилҳаҷҷа, дар рӯзи Арафа ва дар саҳрои Арафот бо судури қатъномае фитнаи такфириҳо ва талоши бархе кишварҳо барои одисозии равобит бо режими ишғолгари Қудс ва ҳамчунин дахолатҳои Амрикоро дар ҷаҳони Ислом маҳкум карданд.
Ширкаткунандагон дар маросими "бароат аз мушрикин", аз истодагӣ ва муборизаи меҳвари муқовимат бо гурӯҳи террористии ДИИШ ва такфириҳо ҳимоят карданд.
Ҳаҷгузорон ҳамчунин бо фарёди “Марг бар Амрико” ва “Марг бар Исроил”, сиёсатҳои нижодпарастонаи Амрико ва режими саҳюнистиро маҳкум карданд.
Дар маросими "бароат аз мушрикин" дар саҳрои Арафот паёми ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром низ қироат шуд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём вазифаи раисони кишварҳои исломӣ ва ҳамаи нухбагони ҷаҳони Исломро эҷоди ваҳдат, огоҳсозии миллатҳо ва мутаваққиф кардани фаврии фоҷеаҳои талх дар кишварҳои исломӣ хонданд ва таъкид карданд: “Дифоъ аз Фаластин ва ҳамроҳӣ бо миллате, ки наздик ба ҳафтод сол аст барои кишвари ғасбшудаи худ мубориза мекунад, муҳимтарин вазифаи ҳамаи мо аст”.