Август 14, 2016 17:00 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони манотиқи мухталифи Яман тавассути ҷангандаҳои Арабистон

Ҷангандаҳои арабистонӣ бори дигар манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алмасира"-и Яман, ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ-амрикоӣ минтақае дар устони Ҳаҷҷа, дар шимолу ғарби Яманро се бор бомбаборон карданд.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ҳамчунин рӯзи якшанбе чаҳор бор подгони лашкари Аламолақаро дар ноҳияи Суфёни устони Умрон, шимолу ғарби Яман бомбаборон карданд. Дар ин ҳамалот шуморе аз яманиҳо кушта ва захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, як маркази мутолеот дар Яман эълом кард, ҳамалоти ҳавоии эътилоф ба саркардагии Арабистон ба манотиқи мухталифи Яман садҳо ҳазор донишомӯзро аз идомаи таҳсил маҳрум кардааст.

Воҳидҳои мушакии артиши Яман ҳам дар посух ба ҷиноёти режими Оли Сауд бо шиллики мушаки боллистикии "Қоҳир" пойгоҳи ҳавоии Хамис-Мушайтро дар Усайр, ҷануби Арабистони Саудӣ ҳадаф қарор доданд.

 

Барчасп